Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Зани серҷоғ, фарзандони бетарбия, кисаи холӣ, масхараи ҳамсояҳо ба ман писанд нест.

  • Ин ба худи инсон вобаста аст. Майна об кун ва дунёятро ба табъи дилат соз. Ғами худро нахӯрӣ, касе ғаматро намехӯрад.

Чашмони ошиқ кӯранд.

Гӯши ошиқон каранд ва онҳо содаанд.

Ошиқон фардои худро намебинанд.

Ошиқ парвои олам надорад.

Ошиқ ба маъшуқа насиҳат мекард, ки ғами гузаштаро маҳӯрад.

Имрӯзро на ғами фардоро бояд хӯрд.

  • Ҷоно, ту куҷоӣ?
  • Ман инҷоям, аммо чашмони хираи ту маро намебинанд.

Мардон бидонед, ки ҳаргиз занҳоро ғалаба карда наметавонед. Занҳо асрорашонро ягон вақт ошкор намекунанд.

Бе хеш, ёр, ҳамсафар, ҳамроз хеле мушкил будааст. Барои бе ин ҳама онҳо мондан кӣ гунаҳгор? Шояд худ гунаҳгорам.

Зан мураккабтарин офаридаи табиат аст.

Вақте чашмони ёр мегирянд, дилаш бо тамоми ҳастӣ механдад.

Зан дер ва тӯлонӣ ғам намехӯрад.

Зан андешаи дар майнадоштаашро ҳаргиз намегӯяд.

Фикрронии зан камбагалона аст.

Зан агар сад сол нағзат бинад ҳам метавонад дар лаҳзае ҳамаро фаромӯш кунад.

пешина
аз 213
навбатӣ