Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
ман баръакс зидди он қонун ҳастам. Бояд қонунҳои зиндагиро аз нав тафтиш карда тағйирот даровард. Тағйироти қонуни рӯи замин хатмист.
Ман ба ду ақидаи хирадмандони гузашта дар ҳайрат мондам. Гӯё Арасту гуфта бошад, ки инсон набояд ба сӯи бахту саодат ҳаракат намояд, балки пайи ҷустуҷӯи ғам бигардад. Оё ин ақидаи Арасту дуруст аст? Мисоли дигаре меорам. Волтер хирадманде ҳаст, ки дар илми фалсафа ва коинот эътироф шудааст. Волтер ақидаи Арастуро таҳният дода гуфтааст, ки хушбахтӣ ин хаёле беш нест, аммо ғаму дард ҳақиқат аст.
Хонандаи гиромӣ бо андешаҳои ин ду мутафаккири бузург чӣ мегуфта бошанд? Оё ба ин фикр розӣ шавем ё чизи дигаре ҳаст. Шахсан ман ба ин ақидаҳо чандон розӣ нестам. Онҳо ба хушбахтӣ бовар надоранд ва маслиҳати парастидани ғамро кардаанд. Агар ҳеҷ набошад боре аз зиндагӣ хубиеро дида бошем, чаро парастиши ғамро кунем ва дунболаш бигардем.
Агар ҷавонӣ фурсатеке аз зиндагиро бигирад, пирӣ тамоми умри моро аз худ намудааст. Оҳиста-оҳиста водии хомӯшон моро интизор аст. Аз ин дида ғами бузурге ҳаст, ки мо бояд боз пайи ғами нав бигардем.
Эминҷон дунёро танҳо дар айшу ишрат ва сафои дунё мебинад.
Ҳайрон мешавӣ, ки гуфтаи ноумедро қабул номудаву амал нопай. Гӯё савдогарон, ки молашонро ташвиқ мекунанд.
Суқрот танҳо ба ақидааш устувор буд ва ҳама суханаш маъние дошт. Маҳз Суқрот буд, ки якуним шабонарӯз рӯи барф пайи бараҳна истода фикр намуд ва мардум ӯро девона гумон карданд. Ин аз мардонагиву бузургии Суқрот дарак медиҳад. Суқрот чӣ хаёле дар сар дошт, фикри чиро мекард? Ин суолест, ки то ҳол ҷавоби худро наёфтааст. Шояд Суқрот фикри онро мекард, ки ӯ дар майдони ҳарбӣ инсонро кушт, маргро бо худ дид ва ҳамин фикр ӯро қариб девона карда буд. Нафароне ҳастанд, ки аз куштани одамон ҳаловат мебаранд, аммо борҳо девона мешаванд. Шояд ӯ бо худо роз мегуфт ва бахшиши гуноҳояшро металабид. Чаро моро нопурсида меофаранд ва нобудамон месозанд. Танҳо хомӯшии тӯлонӣ ба суолҳояш ҷавоб медод. Баъд аз ин Суқрот ба хулосае омад, ки худро бояд ёбад. То охирин нафас дигар дар ҷустуҷӯи худ буд. Ҳатто дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё