Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Дар байни одамон хулқе ҳаст ва он ҳам даррандагист.
Пул боз сӯи пулдор мешитобад.
Оне пул надорад, пулро дар хоб мебинад.
Пул дорӣ обрӯ ҳам меояд.
Лаънат ба он рӯзе, ки пул пайдо шуд.
Низоҳои одамон аз рӯи пул пайдо мешаванд.
Суолҳое ба худ медиҳам, ки ҷавоб меҷӯям.
- Оё одамон ислоҳ мешуда бошанд?
- Оё одамон то охир тағйир намеёбанд?
- Рафторҳои ноҷои одамон абадиянд?
- Одамон ислоҳ нашаванд оқибаташ чӣ мешуда бошад?
Эй хушбахтон фаромӯш насозед, ки рӯзе ҳама хушбахтиҳоятон ба ғам мубаддал мегардад. Ин қонуни қадимии табиат аст. Аз захри забони зиндагӣ ҳаргиз эмин нахоҳад монд.
Ҳаргиз фаромӯш масоз, ки моро марг интизор аст. Коми гуноҳон ба рӯзи мабодо монда мешаванд, дигар ҳама дар ин дунё ҷавоб мехоҳанд.
Агар боғбон ниҳолро каҷ шинонад вай бар ҳоли он ниҳол, ки оянда чӣ мевае медиҳад.
Ҳаркӣ ҳақ дорад, ки андешаи худро баён кунад.
Ба бонуе дуо кардам, ки соҳиби шавҳари зебо ва бой бигардад.
- Худоям шабу рӯз дар ин орзуям, кош зудтар ин марди афсонавӣ пайдо бишаваду хушбахтиро бубинам.
Ба зане сабаби шавҳар накарданашро пурсидам.
- Ҳаргиз шавҳар намекунам ва безорам аз шавҳар.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё