Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Эй Худои меҳрубон кай ба ман меҳрубонӣ мекунӣ?
Лаззати умрам бигзашт, кай мадад мекунӣ?


Зиндагӣ дар ҷаҳон бо нокасон дарди сар аст,
Аз рафиқи номуносиб кайфи носвор беҳтар аст.


Далерон киҳоянд?
Далерон он нафаронеанд, ки дар лаҳзаҳои даҳшатмантарини бо мори рӯ ба рӯ шуда тарсе надорад. Чунин тоифа мардумон тӯли асрҳо хеле кам ба дунё омадаанд.


Дар тӯли зиндагии тӯлониям, солҳои зиёд омӯхта боз бо як паҳлӯи дигари зиндагӣ ошно шудем. Орзуи дерин, ки ҷомаи амал пӯшида дар ҷисми одам як ҳолати хелигӣ рӯҳ медиҳад. То ин вақт шабҳо метарсидӣ ва хобат намебурд, ки ба мақсад мерасида бошӣ. Зиндагӣ чунон мураккаб ва печу дар печ сохта шудааст, ки ояндаро касе пешгӯй карда наметавонад.


Илоҳо, занҷири нобарориҳоямро бикшо.


Риштае, ки бо умед сӯрохии сӯзанро меҷӯяд ба сӯрохӣ дер ҳам бошад медарояд. Барои ин боз ҳам сабр, сабр, лозим аст.


Дар зиндагӣ аз ҳарф задан гоҳе хомӯшӣ беҳтар аст.


Чӣ қадаре ҷиддӣ бошӣ, ҳамон қадар эҳтиромуат
мекунанд.


Дар ҷангал ба ғайр аз дандони тез боз дум ҳам лозим аст.


Сергапии инсон аз он ҳисоб аст, ки барои худ пуштибон меҷӯяд.


Камбудии кардаатро кӯшиш намо такрор нашавад.


Ба осмон нигариста суоле бешумор мадеҳ.


пешина
аз 213
навбатӣ