Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми одамон ба корҳои майда машғуланд аз шарора алангҳо мехӯзад.

Гул шукуфт, одамон бӯяш мекунанд.

Духтар шукуфон аст вақте дӯсташ медоранд.

Оташи муҳаббат паст шуд хомӯш мегардад.

Дунё ҳамин будааст.

Нафареро сабаби парешониҳояшро пурсидам.

  • Сабаби ҳама парешониҳоӣ меъдаам аст.

Хоҳӣ, ки ба зери замин маравӣ, ба роҳи зеризаминӣ бигзар.

Устод аз сафари хориҷа баргашт ва шогирд суол дод: - Устод қаламчае тӯҳфа наовардед?

  • Не! Шумо ба тӯҳфаи болотар арзиш доред.
    Тӯҳфаи арзишмандро меовардам, аммо вазнин буд.
  • Шукр, устод, ки худ саломат ба ватан баргаштед.

Ман кӣ будам? Чӣ шудам?
Худро солҳо боз меҷӯям. Ба хулосае омадам, ки маро амри Яздон аз касе нопурсида халқ кардааст. Офарид ба замини даҳшатнок ҳангоме хурд будам, хабаре аз дунё надоштам. Хабар надоштам, ки дунё нокора аст. Вақте сари ақл омадам аз омаданам пушаймон шудам солҳост, ки амри ӯст вагарна кайҳо даррандаҳо фурӯям мебурданд. Шукронааш бо қудраташ бо раҳмхӯриаш.

Солҳои худро ҷӯста дарк намудам, ки гоҳе об будам, гоҳ хок, гоҳ Падар Карло ва гоҳе Буратинай чӯбин. Худ худро гум мекардам ва боз аз нав пайдо мегаштам. Шояд то ин дунёи равшанро тарк намуданам заррачае бошад ба асли хеш баргардам. Шояд... Шояд худро дарк накарда ба водии хомӯшон раҳмат намоям.

Нафареро вохӯрдам, ки аз ман хеле калон буд ва ба суолҳояш ҷавобҳои аҷибе медод. Суол кардам:

пешина
аз 213
навбатӣ