Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам фаромӯш набояд сохт, ки «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат» ҳам ба Худованд тааллуқ дорад. Кӯшиш намо, то ба касе дасти кӯмакат бирасад. Эзоҳ эҳё металабад. Яъне дар камбағалӣ ва нодорӣ тоқат лозим, лек ба ҷое нишастан ва талаб кардан ҳам гуноҳ аст.

Мақола ҳаст, ки мегӯянд: «Кӣ кашид ҷабру ҷафо, кӣ кунад кайфу сафо». Ин пандро таклиф дорам, ки дигар кунанд. Онеро ки лой карда девор мебардорад, пеш аз меҳнат фикр кунад, ки меҳнаташ арзише дорад ё не.

Пас чӣ бояд кард?

Дар аввал бояд ҳисобу китобро омӯхта, меҳнатро ҳисоб намуда, ана баъд ба кор шурӯъ намуд. Пеш аз кор шартнома баста кор кард. Замоне нест, ки ба қасам, ба ваъдаҳои пучу ҳавой бовар намуд. Худ борҳо дар ин ҷода аз тимсоҳҳои бераҳм шаллоқ хӯрдаам. Борҳо бовар намуда азобро кашидаам. Баъди ҳар фиреби хӯрдаам қавл медодам, ки аз ин пас танҳо бо шартнома кор мекунам, аммо боз ҳамон Аҳмади порина. Маслиҳат ба ояндаҳо медиҳам, ки мисли мо сода, гӯл нашаванд, ҳамеша ҳушёр бошанд. Ин ҳамчун васият аз Ҳошим Гадо, ки ба ин гуфтаҳоям, ки бароитон афсона менамояд, гӯш диҳед.

Дар байни мардумон мегӯянд, ки «Некӣ куну ба дарё парто». Дар асл ин роҳ ин тавр нест. Асоси ин панд гӯё дар Бағдод дар соҳили дарёи Даҷла рух дода бошад. Қавме гӯё будааст, ки одат доштаанд, ки ҳар рӯз баъди пухтани нон, нонеро ба дарё мепартофтаанд.

Дар мулки дигаре писари шоҳеро баъди мағлубияти падараш куштанӣ мешаванд ва ҷаллодрову раҳмаш меояд, ба ҷои қатл онро ба сабаде шинонда ба дарё раҳо мекунад. Сабад дар соҳили касногузаре қарор мегирад. Кӯдаки тақрибан 5-6-сола чӣ тавр карданашро намедонад ва дар соҳил мемонад. Қисса кӯтоҳ, дарё ҳар рӯз як ноне, ки камбағалон дар роҳи Худо хайр мекарданд, ба соҳили кӯдак меовард ва бо ҳамон нон кӯдак ба балоғат мерасад.

Баъди қиссаҳои зиёду бешумор ҷавон аз нав ба тахт менишинад ва соҳиби он нонҳоро пурсон мешавад. Чандин нафарон барои инъоми подшоҳӣ даъво мекунанд, ки гӯё онҳо хайр намуда бошад, аммо бе асос подшоҳ ба онҳо бовар намекунад. Рӯзе ба дарбор камбагалеро меоранд, ки сарбозон

пешина
аз 213
навбатӣ