Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
АдабиётҶомеа
Аз аввал хонданҲушёре девонаеро ба мушт бизад. Девона ба ӯ нигариста гуфт:
- Маро Худо задааст, боз ту барои чӣ мезанӣ?
*** Гаҳворафурӯш набояд гаҳвораашро нарх монад, зеро ин чизи муқаддас аст.
*** Бедандоне назди дӯсташ шикоят аз бедандониаш кард. - Аз чӣ сабаб дар ин ҷавонӣ дандонҳоят рехтанд?
- Аз дурӯғгӯӣ.
*** Бояд як мушоҳидаи илмӣ намуд.
Агар ранги сиёҳ иҷozat бидиҳад дар дохилаш ранги сафедро омехта намоем, чӣ гуна ранге пайдо мешавад.
*** Омаду рафти инсон аввал, мобайн ва охир доштааст.
Яке чашмро во накарда дунёро тарк мекардааст. Дигаре гӯё меояд фурсате баъд онро тарк мекунад. Нафари сеюм бо кару фар тарки ин дунё мекунад. Дигаре хомӯшона тарки ҳама мекунад.
Ҳар чӣ метавонӣ ва агар имконияте дорӣ ба бечорагону дардмондагон кӯмак намо, шояд хайри кардаат писанди ӯ ояд ва шафоате намояд ба ту.
Ақалан кӯмаке карда натавонӣ бадие ба касе макун.
Ғайбатро бас кун, мардумозор мабош.
Ақалан инсон шуда тарки ин дунё намо. Худ медонӣ, ки байни инсону ҳайвон чӣ фарқияте аст.
Аз Худои пок ба ман дар ин роҳи пурхатар, пурасрор тайкарданро осон гардон. Ман мӯҳтоҷи ёрӣ ва роҳбаладии туям. Ман худ намедонам, ки ман дар роҳи дурустам ё хато. Худо маро ба роҳи рост ҳидоят намо ва бирасон. Омин. Ман дастгириҳоятро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Аз нурат ҳидоят намудӣ ба қуллаҳои муродам расондӣ. Дар охир боз такя ба Худоят дорам. Ман тифли офаридаи туям ва ба номи ту мезинам. Интизорам, мунтазири дастгирии ту.
*** Дар дунёи панд қуллаҳое ҳастанд, ки баҳсро талаб мекунанд. Яке аз барои Худо ва хотири ӯ ҳамаро тоқат мекунад. Албатта гуфтаҳои Худорову расулро иҷро кардан лозим. Аммо вақте имконият дориву Худоро бегона мекунӣ чандон қобили қабул нест. Меҳнат бикун кӯшиш намо ҳамааш мешавад. Инро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё