Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Тамоми меъдадорон, гадоён ва умуман мавҷудот ба худ душман доранд. Дар рӯи замин рақобат буд ва то абад мемонад.
Яке барои зистани худ бояд дигареро фурӯ барад. Пас... ба ин қонунҳои дунё одат кардан лозим аст. Кӯшиш намо ки то ягоне ҳам омада фурӯат мебарад. Зеро маккорону айёрҳо ҳамеша ба ҳама кор қодиранд.
Дар замонҳои хеле қадим, дар як мулки рӯи замин қонуне ҷорӣ буд, ки ҳар як сокинаш пеш аз сухан гуфтан бояд ҳатман ҳарфи С-ро ба забон меоварданд. Агар намегуфтанд душмани халқ эълон мегаштанд. Боз қонуне доштанд, ки ранги сиёҳро сафед мегуфтанд ва сафедро сиёҳ қабул мекарданд. Нафароне итоат намекарданд ҳатман ба дор кашида мешуданд.
Ё боз ривояте ҳаст, ки заҳртайёркунандагон бо заҳри худ дунёро тарк кардаанд.
Мақсад аз ин гуфтаҳо он аст, ки рангҳоро ором бигузоред. Одамонро барои ақидаашонро гуфтан девона эълон накунед. Дар охири ин асотир гуфтаниям, ки хонандаи азиз ақидаи худро аз даст надиҳед. Ақидаҳо гуногун шаванд, фикри хубе ба даст меояд.
Ман ба касе, ки барои нобуд карданам кӯшиш намудааст бадӣ намехоҳам. Худоҷон барои ҳарфҳои хатои гуфтаам маро бубахшад. Гумроҳам, ба роҳи рост ҳидоят кунад.
Одамӣ аҷаб хислатҳое дорад. Яке қонунро мефиребад, дуввумӣ худро таъриф мекунад бо он, ки касеро хоҳад ташна лаби об мебарад, нафарое лоф бар он мезанад, ки аз ҷӯроҳии сӯзан тавре айёрона мегузарад, ки сӯзан хабар намеёбад.
Ҳар кадоме аз инҳо шаб доллар, доллар рӯзона евро, евро талаффуз мекарданд. Бо чунин ташра башорати нав эҳё кардан мумкин аст???.
Дар ин аср баҳси китобхонӣ, ақлу хирад дигар чӣ маъние дорад? Дар сӯҳбатҳои асри нав танҳо доллару евро мешунавӣ. Сухан аз нафаре равад, аввал бой ё камбағал будани вайро мепурсанд. Чӣ қадар евро дорад? Қасраш чандошёна аст?
Худ бубинед.. ки касе дар ораи шоирон ва асарҳои онҳо чизе намегӯяд. Шахсан ман бо ин суолҳо ҷавобе дода наметавонам. Бигузор вақт ва дигарон ҷавоби ин суолҳоро бидиҳанд. Ман раҳгумзадаам ва калобаи худро наёфтаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё