Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Колхози ба номи Ленин яке аз хоҷагиҳои калонтарини ноҳия маҳсуб мешуд, лекин сарагроном надошт. Соли 1968 ин вазифа бар дӯши Қадриддин Ғиёсов гузошта шуд. Ба ин хоҷагӣ марди соҳибтаҷриба Тошмат Хусейнов қариб си сол роҳбарӣ карда истода буд. Барои Қадриддин, ки дониши зиёди назариявӣ дошту аз таҷрибаи амалӣ танқиси мекашид, бо чунин шахсони ботаҷриба кор кардан аҳамияти калон дошт. Боре Ҷалолиддин Муҳаммадов ба колхози онҳо омада аз Қадриддин пурсид, ки раис дар куҷост?

  • Намедонам, - гуфт Қадриддин, пагоҳӣ дар ҳамин ҷо буданд, дигар надидам.

  • Майлаш, ман рафта дар таги шипанги водокачка туро интизор мешавам, як ҷой дам карда биё, дар бораи як масъала ҳардуямон маслиҳат мекунем, гуфт котиб.

Ҷалолиддин Муҳаммадов як одати аҷоиб дошт — ба кадом хоҷагие, ки равад, ронандаашро мегуфт, ки ту рафта дар назди шипанги фалон бригада маро мунтазир шав, худаш пои пиёда тамоми картаҳои пахтазорро давр мезад, бо вазъи пахтазор хуб шинос мешуд.

Ҳарду дар зери шипанг нишастанд.

  • Қадриддин, куракҳои пахтаи замини водокачка расидагӣ, вақти сарчин кардани ниҳолҳо гузашта истодааст, ман 15 мошини чеканкакунӣ овардаам, биё пагоҳ бе иҷозати раисатон онҳоро оварда ба ҳамин замин сар медиҳем, чӣ гуфтӣ?

Агар раис норизогӣ кунад, мегӯям, ки ман иҷозат додам. Қадриддин чизе нагуфт, вале худ ба худ фикр кард: раис чӣ мегуфта бошад? Раваду аз ман хафа шавад, ки худсарона ба чунин кори муҳим даст задам?!

Понздаҳ трактор дар як рӯз 50 гектар заминро сарчин карданд. Рӯзи дигар раис Тошмат Хусейнов омада дид, ки тамоми замини водокачка чеканка кардагӣ, димогаш сӯхт, хост, ки Қадриддинро сарзаниш кунад, ки аз кай боз ту маро писанд намекардагӣ шудаӣ?! Вале котиб Ҷалолиддин Муҳаммадов ҷавоби ӯро дода,

-Ҳоло раис камтар сабр кун, натиҷаашро баъдтар мебинем. Пахтаро дору заданд, баргаш рехт, саросар шукуфт, мошинаҳои пахтачиниро дароварданд. Чиниши аввалини мошинии ин замин аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод. Сардори бригадаи комплекси Ҳасан Валиев, сармуҳандис

пешина
аз 173
навбатӣ