Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ниҳолпарварии ноҳияи Шаҳритус таъин гардид. Баъди як соли кораш ӯро ба Институти тадқиқоти илмии хоҷагии ҷумҳурӣ ба ҳайси ходими хурди илмӣ гузарониданд. Саҳифаҳои фаъолияти меҳнатии Қадриддин Ғиёсов ниҳоят рангину доманадоранд. Баъд аз хизмати ҳарбӣ соли 1965 ӯро сарагрономи совхози ба номи Иличи ноҳияи Куйбишев (ҳозира А. Ҷомӣ) таъин карданд. Як рӯз бо иштироки роҳбарони хоҷагиҳо ва мутахассисон дар толори ноҳия маҷлисе доир гардид. Баъди баррасии масъалаи асосӣ, ки сухан дар бораи ҳосилнокии замин мерафт, котиби якуми ҳизбии ноҳия Ҷалолиддин Муҳаммадов (рӯҳаш шод бод) ба аҳли толор муроҷиат карда мепурсад:
-
Қарори Кумитаи Марказии КПСС, ки моҳи августи соли 1966 баромад, кадом масъаларо дар бар мегирад? Кӣ медонад, даст бардорад. Ҳама хомӯш, касе сар боло намекунад. Баъди хомӯшии дарозе Қадриддин Ғиёсов даст боло мекунад. Марҳамат, ному касбатон? Қадриддин Ғиёсов - сарагрономи совхози ба номи Илич.
-
Қарори августии КМ КПСС дар бораи гузаронидани шудгори тирамоҳӣ барои кишти ғалладона дар заминҳои лалмӣ бо мақсади рӯёнидани ҳосили баланд.
-
Офарин, шин, мегӯяд Ҷалолиддин Муҳаммадов ва илова менамояд: - Бинед, дар толор роҳбарони босаводу ботаҷриба нишастаанд, ҳатто сардори раёсати кишоварзии ноҳия ҳам моҳияти ин ҳуҷҷати муҳимро нафаҳмидааст, ки онро намедонад. Ҷалолиддин Муҳаммадов бидуни он ки соҳаи кишоварзиро хуб медонист, роҳбари одамшинос ҳам буд. Ӯ баъди маҷлис Қадриддинро ҳамроҳи сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ширинов ба наздаш даъват кард:
-
Дар совхоз чанд вақт боз сарагроном шуда кор мекунӣ? - пурсид аз Қадриддин Ғиёсов.
-
Як сол мешавад, - ҷавоб дод ӯ. Рав ба директори совхоз Қаҳҳоров гӯй, ки аз ҳафтаи оянда мо туро сарагрономи раёсати кишоварзии ноҳия таъин менамоем.
-
Дар вазифаи сарагрономи ноҳия ҳам Қадриддин ҳамагӣ як сол кор кард. Азбаски соҳаи кишоварзиро хуб медонад, участкаҳои қафомондаро доимо ба зиммаи ӯ мегузоштанд, Қадриддин онҳоро пешсаф мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё