Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Пунки пахта надорем, қабулкунии пахтаро ба масофаи 35-40 км роҳ мебарем, хонаи истиқоматӣ немерасад, мактаб барои хонандагон нест.

Ҷаббор Расулович ба роҳбарияти вилоят супориш дод, ки барои совхоз як пункти пахтақабулкунӣ, 20 хонаи истиқоматӣ ва як мактаби миёна сохта дода шавад.

Рӯзи дигар дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси котибони якум, раисони комиҷроияи шаҳру ноҳияҳо, раисову директорони колхозу совхозҳо, мутахассисони ҳамаи соҳаҳои вилоят доир гардид.

Дар ин ҷамъомад масъалаи аз ҳар гектар замин рӯёнидани ҳосили баланди зироат мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Дар фарҷоми маҷлис Ҷаббор Расулович ҳамон сутаи ҷуворимаккаро бардошта ба толор муроҷиат кард: - Канӣ кадом мутахассис гуфта буд, ки дар шароити обу замини водии Вахш ҳосили баланди ҷуворимакка рӯёнидани ғайриимкон аст?
Кӣ гуфта буд?!

Ҳама хомӯш, касе сар боло намекунад.

  • Директори совхози ба номи Илич, Қадриддин Ғиёсов ҳаминҷост?!

  • Қадриддин Ғиёсов аз ҷой хест.

  • Мана, ҳамин агрономи ҷавон собит кард, ки дар шароити обу замини водӣ, ҳосили баланди ҷуворимакка гирифтан мумкин аст. Барои ин чӣ лозим? Барои ин касби хеш ва заминро дӯст доштан, ба замин мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ нигоҳубин кардан даркор. Дигар ягон чизи зиёдатӣ ин ҷо лозим нест. Минбаъд аз роҳбарони хоҷагӣ ҳосилнокии ин навъи зироатро талаб мекунем ва ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

Қадриддин Ғиёсов роҳбар ва мутахассиси ҷӯянда, навовар ва ташаббускор аст. Ҳар вазифае, ки бар дӯши ӯ гузошта шавад, онро бо дили гарму сари баланд баҷо меоварад.
Аз ин лиҳоз вазифаҳои Қадриддин Ғиёсовро тез-тез иваз карда ӯро ҳамеша ба участкаю хоҷагиҳои қафомонда таъин мекунанд, то ки онҳоро низ ба сафи пешқадамон барорад. Ӯ дар тӯли се соли директориаш совхози Иличро ба хоҷагии серсоҳа, пешқадаму намунавӣ табдил дод. Солҳои 1980-1981 сардори идораи кишоварзии вилояти Қӯрғонтеппа, солҳои 1981-1982 мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Комитети ҳизбии вилоят

пешина
аз 173
навбатӣ