Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
1982-1984 шунавандаи Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ КПСС, мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқ ва саноати хӯроквории Комитети ҳизбии вилоят (1984-1986) адои вазифа кардааст. Дониши хуби сиёсӣ, малака ва таҷрибаи андухтаи Қадриддин Ғиёсовро ба инобат гирифта соли 1986 ӯро котиби аввали Комитети ҳизбии ноҳияи Шаҳритус таъин намуданд. Дар ин ноҳия проблемаҳои ҳалталаб хеле зиёд буданд. Қадриддин Ғиёсов сари андеша нишаст, ки корро аз чӣ бояд оғоз кард? Ба хулосае омад, ки баъзе кадрҳои роҳбарикунандаро иваз намояд, чунки сатҳи дониши онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд. Шароити зисту зиндагии мардум низ чандон баланд набуд.
Дар даштҳои Бешкент ҳазорҳо гектар замини бекор мехобиданд, онҳоро ба кор андохтан лозим буд.
Қадриддин ба мақсади заминҳоро аз шӯра обшӯй кардан дар Бешкент совхози шолипарварӣ ташкил намуд ва дар водии Вахш аввалин шуда дар хоҷагиҳои Айваҷ, Ленинград, Бешкент усули иҷоракориро ба роҳ монд. Дар ҳамин давра дар Бешкент барои сохтмон заводи сангреза, барои 17 ҳазор тонна базаи сӯзишворӣ ва дар дашти Бишкент барои 120 оила посёлкаи нав ва барои мардуми шаҳрак як-ду ошхонаю чойхона сохта ба истифода дода шуд.
Дар ноҳия беҳтарин усулҳои агротехникӣ ба кор бурда мешуд. Ҳосилнокии ҳар гектар замини пахта сол аз сол афзоиш меёфт. Агар соли аввал ноҳия 43 ҳазор тонна пахта дода бошад, соли 1992 ба 46 ҳазор тонна расонида шуд ва дар баробари ин дигар намудҳои зироаткорӣ ҳам ривоҷ меёфтанд. Тӯли шаш соле, ки Қадриддин Забирович котиби аввали ноҳия буд, ҳар сол нақшаҳои истеҳсолии ҳамаи соҳаҳо барзиёд иҷро мешуданд. Ноҳияи Шаҳритус аз ҷиҳати ҳосилнокии замин дар миқёси вилоят яке аз ноҳияҳои намунавӣ маҳсуб меёфт. Методи роҳбарӣ ва усули корбарию хоҷагидории роҳбарияти ноҳия таваҷҷӯҳи роҳбарони ҷумҳуриро ба худ ҷалб намуд. Бо ҳамин мақсад моҳи июли соли 1987 дар ноҳия дар мавзӯи «Маданияти хоҷагидорӣ ва зироаткорӣ» бо иштироки котибони аввали вилояти Қӯрғонтеппа семинари назариявию амалӣ доир гардид, ки ба кори он машварат котиби якуми Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов сардорӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё