Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
рӯзеро, ки аввалин камзулчаи пурнақшунигореро, ки дӯхта тайёр карда буд ва роҳбарҳояшон нағз гуфта ӯро таъриф карда буданд. Вай дар муддати на чандон тӯлонӣ чевари гулдаст шуд. Камзулчаю тоқиҳо, ки гулдӯзӣ мекард, тани чандин наварӯсонро зебу оро доданд. Ӯ касби дӯзандагиашро аз дилу ҷон ба ҷо меовард, вале орзуи деринааш ҳуқуқшинос шудан ҳеҷ аз дилаш намерафт.
Як бегоҳ баъди кор панҷ хоҳарон, ки аз падар ятим монда буданд, гирди модарро ҳалқавор давра гирифтанд:
Аввалин шуда духтари калонӣ Қурбон, ки суханаш ҳамеша дар назди Ҳокимахола қадр дошт, гиреҳи суханро кушод:
-Оҷаҷон, шумо барои мо ҳам падару ҳам модар, бе маслиҳату розигиатон ягонтои мо ба коре даст намезанем, биёед, розӣ шавед, ҳамин Маҳбуба ҳуқуқшинос шавад. Охир дар оилаи мо ҳам як ҳуқуқшинос бошад, нағз-дия, ақаллан ҳуқуқҳои худамонро аз ҳар гуна ноҳамвориҳои зиндагӣ ҳифз намекунад?! Баъд сухани духтари калониро хоҳари аз ҳама хурдӣ Муяссара, ки барои модар ниҳоят эрка буд, тақвият дода, ба зорию тавалло даромад: - Ҳа, модарҷон, не нагӯед, розӣ шавед. Ҳамин тариқ хоҳарон модарашонро розӣ кунониданд ва Маҳбуба бо мамнуният соли 1971 ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон супорид. Фаъолияти ҳуқуқшиносии Маҳбуба Мирзоева соли 1972 дар прокуратураи шаҳри Душанбе ба ҳайси котибагӣ оғоз ёфт. Вай кору таҳсилро пайваста идома медод. Соли 1977 як сол дар прокуратураи ноҳияи Фрунзеи пойтахт ҳамчун таҷрибаомӯз фаъолият кард ва баъди он сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе таъин гардид. Меҳри касб, малакаи кордонӣ ва таҷрибаи андӯхтааш Маҳбуба Раҷабовнаро сол аз сол зина ба зина бо сари баланд боло мебардошт. Соли 1984 бар дӯши Маҳбуба Мирзоева вазифаи прокурори шӯъбаи тафтишотии прокуратураи шаҳри Душанбе вогузор карданд. Дониши сиёсию қобилияти ташкилотчигию ҷамъиятии Маҳбуба Мирзоеваро ба инобат гирифта, ӯро ба кори ҳизбии аввал ноҳияи Роҳи оҳан, сипас ба шаҳри Душанбе гузарониданд. Дар ин вазифаҳо ҳам дониши сиёсию қобилияти ҷамъиятии Маҳбуба Раҷабовна ба тезӣ назаррас гардид ва чун корманди беҳтарин ӯро барои таҳсил ба мактаби дусолай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё