Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданмегирифт. Рӯзе дар танҳоӣ ба модараш Ҳокимахола орзуи дилашро изҳор кард:
- Оҷаҷон, имсол насиб бошад ман мактаби миёнаро хатм мекунам, ният дорам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Университети давлатии Тоҷикистон ба факултети ҳуқуқшиносӣ...
- Чӣ..й, - сухани духтарашро бурид Ҳокимахола, - прокурор мешавӣ, ё суд?! Ҳаминаш намерасид, ба ҷои фарзанд калон карда раҳмат шунавем, дуои бад кунанда-а?. Не, Маҳбубаҷон, агар розигии маро фаҳмидан хоҳӣ, ҳамроҳи апаат Қурбон рафта зардӯз мешавӣ! Зардӯзӣ касби занона ва кори хуб аст. Маҳсули меҳнататро дар тани арӯсон дида дилат кушода мешавад. Духтар чию суду прокурор шуданаш чӣ?!, - гуфту модар аз зиндагии дидаю шунидааш мисолҳои зиёде овард. Модар гаштаю баргашта Маҳбубаро таъкид мекард: - Духтарам, ба ягон кас бадӣ накун, то аз дастат ояд чӣ қадаре ки тавонӣ, некӣ кун ба мардум. Некӣ бимонд ҷовидон, - гуфтаанд.
Маҳбуба бошад дар ҷавоби гуфтаҳои модараш ду даст пеши бар. Аслан бузургон ҳидоят мекунанд, ки бе розигӣ ва фотеҳаи падару модар кореро оғоз намойӣ, он ба некӣ анҷом намеёбад. Маҳбуба ин ҳикматро хуб дарк мекард. Аз ҳамин лиҳоз ӯ каме малул шуд, вале сухани модарашро ба замин монда натавонист, аз хати кашидаи Ҳокимахола берун набаромад, ҳамроҳи апаи Қурбон ба Иттиҳодияи истеҳсолии «Гулдаст» барои аз бар кардани касби зардӯзӣ рафт. Ҳар шуғл мушкилиҳои худро дорад ва он танҳо дар натиҷаи саъю кӯшиш ва ҷаҳду талоши зиёди касб натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Рӯзҳои аввал ба душвориҳо, дилмондагиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуд. Корҳояш табъи дили худаш намебаромаданд. Ҳарчанд ки устодаш апаи Қурбон нисбати Маҳбуба меҳрубон буд ва ҳар замон ӯро дилбардорӣ карда мегуфт: - Ҳеҷ боке не, ҳамааш нағз мешавад, хоҳарам, боз каме ғайрат кун, ман аз ту чевари гулдаст тайёр мекунам. Ту хаёл мекунӣ, ки ман яку якбора чевари номӣ шудам? - мегуфт Қурбон, - не, нақшҳои нахустин духтари маро низ устодонам қабул намекарданд. Сабру таҳаммул ва ҷаҳду талоши беше мекардам. Беҳуда нагуфтаанд, ки сабр кунӣ, ғӯра ҳалво мешавад. Маҳбуба бо сабру таҳаммул оҳиста-оҳиста мушкилиҳоро рафъ кард. Вай ҳеҷ фаромӯш намекунад он

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё