Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ман буд. Модарам моро дар саҳни ҳавлиамон бо як ҷаҳон хурсандӣ истиқбол гирифт:

-Шинос шав, очаҷон, ин кас дӯсти ман – Азимҷон, дар як гурӯҳ мехонем, дар як хона истиқомат мекунем. Модарам аввал ба чеҳраи ман, баъд ба рӯи Азимҷон нигоҳ карду «Тавба, одам ҳам ин қадар монанд мешудааст, ҳардуятон чунон бо ҳамдигар монаңдед, ки як себи дукафон барин», баъд «хуш омадӣ, писарам, дар қадамат садқа», - гуфт модарам ва ба хона моро таклиф кард. Дар як дам ӯ дастархон густурд ва ҳарчӣ, ки дошт, оварда ба пешамон гузошт ва аз он лаҳзае, ки имконият доштам, бо вай сӯҳбат намудем. Модарам аз фурсати мувофиқ истифода карда, ба Азимҷон гилаомезона гуфт: -

Ҷӯраат дер-дер хабарам мегирад. Одаму дам гуфтаанд. Ҳар дам ғанимат мегӯянд, агар илоҷаш бошад, ҳар рӯзи шанбею якшанбе биёед, дуои маро бигиред, хурсанд мешавам...

Баъди чанд фурсате модарам маро ба берун чеғ зада: - Писарам, ин ҷӯраат аз вай рафиқонат, ки пеш ҳамроҳат неомадаанд, тамоман фарқ дорад: чеҳрааш кушодаю забонаш ширин аст. Илова бар ин ақлу фаросати пурра дорад. Маълум аст, ки дар оилаи бутун тарбият гирифтагӣ... Баъди ин ҳар гоҳе, ки ба айёдати модарам мерафтам, ӯ аввал Азимҷонро мепурсид ва илова мекард:

-Чаро ҳамроҳат наовардӣ? Охир ман вайро писар хондаам, рафтӣ, аз номи ман саломи бисёраш бигӯ.

Зарофаттӯи таъбӣ, хушгӯй ва хушрафторӣ яке аз хислатҳои хоси Азимҷон буд. Дар курси панҷуми донишгоҳ мехондем. Рӯзе ҳамроҳи Азимҷон барои хӯрдани хӯроки нимирӯзӣ ба ошёнаи дуюми тарабхонаи «Вахш» рафтем. Ба пешхизмат як порсия бефштекс фармудем. Баъди лаҳзае пешхизмат ғизои фармудаи моро овард. Дӯсти ман – Азимҷон як ба хӯрок назар афканду чизе нагуфта аз ҷояш хеста оҳиста-оҳиста сӯи дари даромадгоҳ рафт. Ман хаёл кардам, ки ӯ дастшӯй меравад. Хӯрок нахӯрда ӯро интизор шудам.

Хеле мунтазир шудам, вале ҳеҷ аз ӯ дараке нашуд. Хеста аз қафояш рафтам, ӯ дар паси дар мисли кӯдаке, ки касе вайро ранҷонида бошад, рост меистод.

  • Э, бача, аз дарс дер мемонем, ту киро интизорӣ, вай хӯрокҳо хунук шуданд, рафтем тез хӯрему равем!
пешина
аз 173
навбатӣ