Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Рав, ба пешхизмат гӯӣ, ки хӯрокашро иваз кунад, ман онро намехӯрам.
- Чаро?!
- Барои он ки дар рӯи хӯрокаш як чизи бадрӯй аст, онро ман дидан намехоҳам. Канӣ, рафтем, он чизи бадмедиҳатиро ба ман нишон деҳ. Омада дидем, ки дар паҳлӯи бифштексҳо як шохчаи шибит рост мондагӣ, вай бо ду нуги лелакаш онро аз тақсимчаи хӯрокаш боло бардошту «анна ҳамин!», - гӯён онро ба сӯи поён ба толори калон ҳаво дод ва нишаста сарашро боло накарда таомро ба завқ хӯрд. Баъд фаҳмидам, ки дӯсти ман аз шибит сахт қимоб будааст! Ҳарчанд кӯшиш мекардам, фаҳмам, ки чаро аз шибит қимоб аст, вай «Э, хушӣ» мегуфту механдиду чизе намегуфт...
Баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон соли 1960 Азимҷон ба мактаби зодгоҳаш — ноҳияи Қалъаи Хумб роҳхати корӣ гирифт ва он ҷо аввал омӯзгор, баъд мудири қисми илмии мактаби миёнаи ба номи Сталин шуда кор кард. Дар мактаб корҳои таълиму тарбияро пайваста ба роҳ монд ва қобилияти ташкилотчигии Азимҷон Юсуфовро ба назар гирифта ӯро барои кор ба Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон даъват карданд. Вай аввал ба ҳайси инструктор, баъд дар вазифаи мудири шӯъбаи тарбияи оммавӣ ва ҳарбию ватандӯстии ҷавонон қариб ҳашт сол адои вазифа намуд.
Банда ҳамон солҳо вазифаи муҳарририи шӯъбаи ҷавонони телевизиони Тоҷикистонро ба уҳда доштам ва бо кормандони Кумитаи Марказии Комсомол робиtai наздик пайдо кардем. Дар Кумитаи Марказии Комсомол тавассути Азимҷон Юсуфов бо инсонҳое шинос шудам, ки баъд шахсиятҳои маъруфи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд. Инҳо собиқ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Исмоил Қурбонов, котиби Кумитаи Ҳизбии вилояти Кӯлоб Робия Тагоева, Абдураҳмон Набиев - муовини Прокурори Генералии Тоҷикистон, Искандар Чиллаев - котиби аввали Ҳизбии ноҳияи Ғозималик, Сайёра Юсуфова — завҷаи Азимҷон, аъзои Суди Олии Тоҷикистон, Ибод Файзуллоев - нависанда ва дигарон буданд.
Дар ин муддат ҷаҳонбинии Азимҷон Юсуфов, донишу малакаи сиёсии ӯ васеъ гардид. Ҳамин дониши фарохи сиёсӣ, нағз донистани забони форсӣ ва бо ин забон ба таври зарурӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё