Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Агар хато накунам, номатон Қодирҷон? - гуфтам ба ӯ, вақте ки ман Шуморо дида будам, понздаҳ - шонздаҳ сола будед.

Дар ёдам ҳаст, Шумо ҳамроҳи як хонуми зебо омада будаед, падарам ба он кас гул тақдим карданд. Мегӯянд, ки кӯҳ бо кӯҳ намерасӣ, одам ба одам мерасад.

Бинед, ки аз байни сӣ сол сипарӣ шудааст. Дунё дар гузар аст. Раҳматии падарам доимо ду мисраъ шеъри як шоири кӯҳистониро такрор мекарданд:

...Рӯзе, ки аз ин замона ман мегузарам,
Дар хонаи ман чароғ сӯзад, писарам!

Имрӯз касби падарро ман идома медиҳам. Ҳай дареги инсон! Дар ин дунёи фонӣ афсӯс, ки ҳамаи мо меҳмонем, вале баъзан ба қадри якдигар намерасӣ...

Гашти пешин буд, боди сабуки баҳорӣ мевазид. Қодирҷон бо мо хайрухуш карда, «боз биёед, ин ҷо барои ману Шумо ҷои муқаддас аст, «одаму дам» гуфтаанд. Хайр, Худо нигаҳбонатон бошад», гуфта аз паси рамааш қадам зад.

Дар бозгашт як даста гули лола чидам. Ба шаҳр омада, ба хонаи Рухсора, ки бо амри тақдир солҳои тӯлонӣ аз якдигар ҷудо будем, занг задам. Ҳамон рӯз Рӯзи зодрӯзаш буд, бо ӯ вохӯрдам ва дастаи лолаҳои чидаамро ба вай тақдим кардам.

  • Мавлудат муборак! - азизам гуфтам. Медонӣ ин лолаҳоро аз куҷо чидаам, - пурсидам аз Рухсора.

Вай аз хурсанӣ ба куртааш намегунҷид: - Не, намедонам, лекин ба лолаҳои дашти Лоҳур шабоҳат доранд, - гуфт дар ҷавоб Рухсора бо табассум: - «Хордастаи маро гум накардед?» - пурсидам аз ман.

  • Не, азизам, то зиндаам онро чун нишонаи меҳри ҳамдигар нигоҳ медорам!

Соли 2006

САНГИ КАР – КОНИ КАДР

Ба зоҳири Аббос Алиевич назар афканед, ботинашро ҳам чун дар оина аён мебинед. Ҳамин кофист, ки дар бораи хулқу атвори ӯ ягон маълумоте ҷамъ накунем. Сураташро гӯё ба шираоби мазут ороиш додаанд. Сираташ аз ин ҳам сиёҳтар аст. Бечора кӯшиш мекунад, ки бо зердастонаш суханҳои лутфомезона гӯяду лекин дили одаткарда балои ҷон гуфтагӣ

пешина
аз 173
навбатӣ