Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

барин, сухани оддиаш ба дӯғу даранг, таҳдиду хархаша табдил мегардад. Дар тақдираш аз рӯзи азал ҳамин будааст! Мегӯянд, ку он чи ки ба шир омад, бо ҷон меравад. Чӣ илоҷ? Аз одоби инсонӣ бенасиб мондааст. Баъзеҳо мегӯянд, ки Аббос Алиевич худозадааст. Бузурге фармудааст, ки агар касеро Худо заданӣ шавад, аввал ақлашро кам мекунад. Инсон, ки бе ақл шуд, чӣ мешавад? Феълу хӯйи бадонро мегирад, ҳар чи ба даҳонаш ояд мегӯяд ва ҳар чӣ ки хоҳад, мекунад. Ҳамаи найрангҳои Аббос Алиевич баъди соҳибмансаб шуданаш зоҳир гардиданд. Вай дар сехи оҳангарӣ коргари оддӣ шуда кор мекард. Ноаён буд, танҳо ҳамкоронаш ӯро мешинохтану халос. Се моҳ қабл ӯро сардори сех таъин карданд, вале директори генералӣ яку якбора иваз шуду ба ҷои ӯ Аббос нишаст. Хабари директори генералӣ шудани Аббос ҳамаро моту мабҳут гардонид. Мегӯянд, ки тағои бисёр зӯр дорад. Тағояш агар хоҳад аз поён то боло - ҳамаро харида мегирад. Ҳама бо таҳайюр мегуфтанд:

-Тавба! Вай на саводи қазоӣ, на таҷриба, на ақлу тамиз дорад, ин корхонаи азимро, ки қариб се ҳазор коргар дорад, чӣ гуна ӯҳда мекарда бошад?

-Ҳеҷ боке не, ҳозир чунин як шиоре ҳаст, бигузор вайрон кунаду аз худамон бошад... Акнун касе ҳад надорад, ки номи директорро шикаста гирад. Ҳо! «Аббос» не, «Аббос Алиевич!» гуфта муроҷиат мекунед. Шунидам, ки Аббос Алиевич дар боло чунон эрка аст, ки касе пишаки ӯро пишт гуфта наметавонад. Диққат додаед, дар ҷамъомаду тантанаҳо, маҷлису консертҳо калонҳо дар куҷоче нишинанд, Аббос Алиевич бисёр кӯшиш мекунад, ки дар паҳлӯи ҳамонҳо ҷой гирад, то ки тавассути телевизор ҳама ӯро бинанд. Ин ҳам ҳунари ҳар кас нест. Ҳозир дар боло кӣ эрка шуда метавонад? Оне, ки тағои зӯр дорад, ё ин ки кисаи пур... мегуфтанд одамон.

Ҳамин ки рӯзи аввал Аббос Алиевич вориди утоқи кории директори генералӣ гардид, устодаш - сардори сехи рехтагариро ба наздаш хонда, гуфт: - ариза навис, ту аз пагоҳ аз вазифаат озод..!

-Чаро Аббосалӣ? Ба ту чӣ шуд?

-Ман Аббосалӣ не, Аббос Алиевич!

Ба ту чӣ шуд, не, ба Шумо чӣ шуд?- гӯй!

Ёд дорӣ, ман як рӯз як соат ба кор дер омадам, забонхат талаб кардӣ, танбеҳ доданӣ шудӣ. Акнун давр-даври ман шуд!

пешина
аз 173
навбатӣ