Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ФИЛМНОМАҲО

ОРЗУҲОИ НОТАМОМ (Сенарияи филми мустанади телевизионӣ бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти фарзанди барӯманди тоҷик Мунавваршо Назриев).

ШАРҲИ МУХТАСАР

Мунавваршо Назриев 21 декабри соли 1939 дар қишлоқи Бедаки Болои ноҳияи Рашт ба дунё омадааст. Дар ҳамин ноҳия соҳиби маълумоти миёна шуда, соли 1963 баъди хатми Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон ҳамчун устои сохтмон, прораб, сардори колоннаи сайёри ноҳияи Ленин адои вазифа кардааст. Баъди хатми мактаби Олии ҳизбии шаҳри Тошканд шаш сол дар вазифаҳои ҳизбии собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, сипас раиси Комиҷроияи ҳамин вилоят, баъд нахустин вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд муовини раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуд. Чанд сол намояндаи халқ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.

Меҳнати ӯ бо чанд ордену медалу ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадр карда шуд. Вай падари се фарзанд мебошад.

Ёддоштҳои муаллиф дар бораи Мунавваршо Назриев.

Ёд дорам вақте ки фарзанди калониаш Анвар тавлид ёфт, хурсандии ӯ интиҳо надошт.

(Расмҳои Анвар паси ҳам нишон дода мешавад)

Бо ифтихор ба ёрӯ ҷӯраҳояш хитоб мекард: - Акнун ман падар шудам. Бале, ӯ бо меҳрубониаш сазовори ин ном буд. Фарзандонашро дӯст медошт, ба онҳо гаштаю баргашта таъкид мекард, ки илмдӯсту инсонпарвар, ростқавлу ростгӯй, дорои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ бошанд. Ӯ бисёр орзу дошт, ки тӯи ҳамаи онҳоро бинад, соҳиби набераҳои зиёд шавад. Вале сад афсӯс, ки вай ҳамагӣ як набераашро дид, дигар орзуҳои ширинашро дар дил ҳамроҳаш ба хок бурд.

Набераи аввалинаш – Насибаро бо як ҷаҳон хушнудӣ ба бағал мегирифт. Ҳини сафари бебозгашташ Насиба ҳамагӣ

пешина
аз 173
навбатӣ