Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

дуниммоҳа буд. Ӯ «бобоҷон» гуфтани набераи нахустинашро нашунида бо ӯ падруд гуфт...

Шояд ӯ аз бевафоии тақдираш огоҳ шуда буд, ки ҳар замон таъкид мекард: Тӯйи хонадоршавии Анварро ба тезӣ гузаронидан лозим. Кӣ медонад, ки пагоҳ моро чӣ воқеа интизор аст?

(Тӯи арӯсбарорӣ)

Хонаи Мунавваршо аз хонаи мо дар масофаи тахминан дусад метр воқеъ аст. Як бегоҳӣ ӯ ҳамроҳи завҷааш – Саноат ба хонаи мо омаданд.

  • Камтар давр задем, аз ҳавои тоза нафас гирифтем, Шуморо бинему баъд ба хона равем, - гуфт ӯ.

  • Шабона нагард, вазъият нотинҷ аст, - гуфтам ба вай. - Худо нишон надиҳад, ҳар ҳодиса шуданаш мумкин. Агар зик шудӣ, ҳамин тавр ба хонаи мо биё, ё ин ки маро ба хонаат даъват кун, нишаста сӯҳбат мекунем, - гуфтам ба вай.

  • Ҳа, рост мегӯӣ, - гуфт Мунавваршо ва гуфтаҳои маро тасдиқ кард.

Дар рӯзи тӯй аз дуру наздик хешу табор ва ёрӯ дӯстонашро таклиф карда буд. Дар ин базми фаромӯшнашаванда ёрӯ дӯстон нисбати ӯ ва фарзандонаш нӯшбодҳои лабрез аз меҳру муҳаббат мегуфтанд.

(Баранда аз паси кадр)

Он рӯз бо баҳонаи тӯйи писараш Мунавваршо гӯё хешу акрабо ва ёрӯ дӯстонашро аз дуру наздик ҷамъ карда буд, ки ба онҳо арзи сухани вопасин бикунад бо зиндагӣ падруд бигӯяд.

Биёед лаҳзае ба садои нотакрори ӯ гӯш андозем.

(Суханронии М. Назриев дар анҷоми тӯй)

Ҳамин рӯз ба ман маълум шуд, ки ин қадар ёрӯ дӯстони бисёру меҳрубон доштаам. Аз лутфу эҳсон ва суханҳои шумо сарам ба осмон расид.

Вай меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба дӯстонаш миннатдорӣ мекард.

(Баранда аз паси кадр)

Ҳини тамошои ин наворҳо ҳис карда мешуд, ки фарзандонаш Анвару Акбар ва Мадина пазмони дидори падарашон шудаанд. Аҷаб вазнине буд, он лаҳзаҳо барои фарзандонаш!

(Ҷунбиши навдаи дарахт)

пешина
аз 173
навбатӣ