Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай бегоҳӣ баъди кор маро ба ҷои хобаш ки дар Бӯстонсарои Ҳукуматӣ қарор дошт, таклиф кард. Ҳардуямон то бевақтии шаб машқ кардем, гоҳ ӯ матнро бо овози баланд мехонду ман гӯш мекардам ва гоҳ ман қироат мекардаму вай бо диққат гӯш меандохт, чунки ӯ дар талаффузи баъзе вожаҳои тоҷикӣ душворӣ мекашид. Охирин бор вақто ки ӯ матнро бо овози баланд бехато қироат кард, ман ба вай гуфтам:

-Нағз, лекин пагоҳӣ саҳар боз ду маротибаи дигар, як бор оҳиста ва маротибаи дигар бо садои баланд хону рафта баромад кун, иншооллоҳ ҳамаш нағз мешавад. Баъди сессия аз чанд нафар депутатҳо ва рӯзноманигорон пурсидам, ки Мунавваршо Назриевич чӣ тавр баромад кард?!

-Беҳтарин баромад буд. Аксар баромадҳо ба забони русӣ буданд, лекин Мунавваршо Назриев ба забони тозаи тоҷикӣ чунон нағз баромад кард, ки ҳамаи аҳли толор дуру дароз қафкӯбӣ карданд.

Яке аз хислатҳои хуби Мунавваршо Назриевич дар он буд, ки ба кадом масъала, ки даст мезад, ҳатман онро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст мекард.

Барои Мунавваршо маҳаллу маҳалгароӣ вуҷуд надошт. Ӯ дар иҷрои вазифа нисбати ҳамкоронаш серталаб ва дар асл хушмуомила ва ҳалиму меҳрубон буд.

(Кабинети ҳолии вазири ҳифзи табиат)

Вай ҳангоми вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон буданаш, барои тозагию зебоии шаҳру ноҳияҳо ва тозагии муҳиту солимии мардуми ҷумҳурӣ ҷаҳду талошҳои зиёде мекард. Ӯ ба бисёр давлатҳои хориҷа сафар карда, дар бисёр ҷаласаҳои байналмилалӣ оид ба тозагию ҳифзи табиат иштирок ва суханронӣ кардааст.

(Расми шаҳодатномаи ин соҳа)

Ҳамин меҳнату кӯшишҳои зиёди Мунавваршо Назриевро ба назар гирифта ӯро ба узвияти вобастаи академияи эҷодии илму маданияти Россия қабул намуданд. Ӯ ба тарбияи ҷавонони маҳаллӣ аҳамияти алоҳида медод.

Лаҳзае ба суханронии вазири ҳифзи табиати Тоҷикистон Исмоил Давлатов гӯш меандозем.

Мунавваршо Назриев марди донишманд ва ташкилотчии моҳир буд. Ӯ ҳамчун асосгузор ва аввалин вазири ҳифзи

пешина
аз 173
навбатӣ