Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

табиати Тоҷикистон барои рушду нумӯи ин соҳа ва тозагии фазои сарзамини ватанамон хизматҳои барҷаста кардааст.

Баранда: Мо фасли баҳор, ҳини зебогии табиат ба зодгоҳи Мунавваршо сафар кардем. Деҳа, ки он ҷо Мунавваршо Назриев таваллуд шудааст, имрӯз номи ӯро дорад. Директори ин хоҷагӣ ба мо гуфт, ки меҳнаткашони хоҷагии мо ин номгузориро ба хушнудӣ пазируфтанд. Онҳо ҷаҳду талош мекунанд, ки хоҷагиашон аз ҳар ҷиҳат сазовори номи ин фарзанди барӯманди диёрашон бошанд.

Пири рӯзгордида аз ҳамин совхоз бобои Маҳмад Замонов дар бораи Мунавваршо Назриев чунин гуфт:

Синхрон. Сад афсӯс, ки ин ҷанги бародаркуш чандин оилаҳоро вайрон ва ҷавононро қурбон кард. То мо якдигарро нафаҳмем, ваҳдату ягонагӣ ба даст намеояд. Ваҳдат чист? Ин ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамдилию ҳамфикрию умум аст. Мо бояд барои чунин ваҳдат бикушем.

Марги ногаҳонии Мунавваршо барои аҳли оилааш, бародаронаш, ҳамшираҳо, хешу ақрабо ва ёру дӯстонаш фоҷиаи даҳшатноке аст.

Лекин барои модари пираш холаи Соимабибӣ ин андӯҳ аз ҳама вазнинтар мебошад. Зеро Мунавваршо сутуни асосӣ, фарзанди нахустини ӯ буд.

(Суханронии бародараш Аҳтамшо Назриев)

Синхрон. Марги бародарам Мунавваршо барои аҳли оилаи мо як зарбаи ногаҳоние буд. Мо аз касе домангир нестем, қисматаш, сарнавишташ, тақдираш ҳамин будааст. Мо ҳамаамон дар назди сарнавишт дасткӯтоҳем.

Баранда: Як солу ду моҳ мешавад, ки Мунавваршо дар байни мо нест. Чанде қабл маъракаи оши солашро доданд.

(Кинокадрҳо аз ин маърака)

Дар ин маърака аз дуру наздик хешу табор, ёру дӯстон, ҳамкорони ӯ омада, ба рӯҳи поки вай аз Қуръони маҷид оятҳо қироат карданду бахшиданд.

Зиндагӣ ҳамчун дарёи пуртуғён бо як маҷро идома дорад. Таассуф, ки Мунавваршо дар байни мо нест. Вай дар дил мақсаду мароми зиёде дошт, вале сад афсӯс марги ногаҳонӣ имконият надод, ки ӯ ҳамаи онҳоро амалӣ гардонад.

(Назди таваллудхона)

пешина
аз 173
навбатӣ