Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хонданЭмомалӣ Раҳмонов,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Яке аз шогирдони олим баъди фавташ чунин ибрози ақида кардааст:
- Устоди арҷманд!
Шумо хушрӯй ва меҳрубон будед! Ботину зоҳири зебо доштед. Сару либоси зебо мепӯшидед. Сухани зебо ва андешаҳои пурмаъно мегуфтед!
Ман ифтихор аз он дорам, ки шогирди Шумо будам.
Ҳ. К. Кунгуротов, сардухтури беморхонаи ҷумҳуриявии касалиҳои рӯҳии рақами 1.
Номи профессор Минҳоҷ Ғуломов чун олими рӯҳшинос дар миқёси байнамилалӣ маълуму машҳур аст. Вай борҳо дар ҳайати олимони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар симпозиуму конгресҳои байнамилалии психиатрҳо дар мамолики Амрико, Фаронса, Юнон, Булғория, Чехословакия, Мексика, Венгрия ширкат варзида бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст.
Вай аз соли 1985 инҷониб аъзои созмони эксперти байнамилалии тандурустӣ оид ба масоили майзадагӣ ва нашъамандӣ мебошад. Зодгоҳи Минҳоҷ Ғуломов шаҳри бостонии Самарқанд аст. Вай мактаби миёна ва донишкадаи тиббии ба номи Павлови Самарқандро бо дипломи аъло хатм карда, ба аспирантураи шаҳри Маскав дохил мешавад. Соли 1957 ба шаҳри Душанбе омада, дар назди кафедраи психиатрияи Донишкадаи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба ҳайси ассистент адои вазифа кард. Вай тамоми фаъолияти илмию амалии худро ба соҳаи рӯҳшиносӣ равона карда, дар ҳамин соҳа рисолаҳои номзадӣю докторӣ дифоъ намудааст. Биёед лаҳзае гӯш андозем, ки ҳамсабақони Минҳоҷ Ғуломов - профессорҳо, мудирони кафедраҳои донишкадаи тиббии Самарқанд, Ходими шоистаи илм ва Коркуни шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон Масъуд Адҳамов ва Матлуб Самебоев аз хотироти хеш чӣ мегӯянд?
Синхрон
Лаҳзае аз хотироти давраи донишҷӯии профессор Ғуломов ёдовар шуда мегӯянд, ки Минҳоҷ Ғуломов, ҳозир шахси номдор, олими забардаст мебошад, ки мо бо номи он кас ифтихор дорем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё