Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Донишҷӯи тоҷик: Устоди ниҳоят серталабу меҳрубонанд. Ман фахр мекунам, ки шогирди чунин устодам. Устод Ғуломов ифтихори миллати мост!

Мухбир: Что вы можете сказать о профессоре Минходж Гулямовиче?

Донишҷӯи рус: Минходж Гулямович, это человек с большой буквы, ученный с мировым именем, я горжусь, что являюсь его студентом.

Донишҷӯи афғон: Устод Ғуломовро ман падари маънавии хеш мешуморам. Ӯ шахси ниҳоят фозил ва мӯътабар аст. Ба тавре, ки мо иттилоъ дорем, профессор Минҳоҷ Ғуломов дар арсаи байналмилалӣ низ маъруфу машҳур аст, мо бояд аз ин ифтихор дошта бошем!

Баранда: Бале, ҳақ ба ҷониби дӯсти афғонии мост.

Агар дар донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо чунин савол ба тамоми шогирдону омӯзгорон: хоҳ русу тотор ва ё ӯзбеку қазоқ, хоҳ қиргизу туркман ва ё эронию афғон муроҷиат намоед, аз онҳо як ҷавоб мегиред:

Устод Минҳоҷ Ғуломов, ифтихори миллати тоҷик аст! Профессор Минҳоҷ Ғуломов... Вай аввалин табиби тоҷик оид ба касалиҳои асабу рӯҳ, нахустин доктори илми тиб ва профессори ҳамин соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ӯро асосгузори хизматрасонии тиббӣ оид ба касалиҳои рӯҳӣ ва наркологӣ дар Тоҷикистон гӯем, хато намекунем. Зеро қариб 40 соли умри худро барои инкишофу такомули илми рӯҳшиносӣ дар ҷумҳурӣ сарф кардааст. Кулли диспансеру беморхонаҳои рӯҳии ҷумҳурӣ, ки дар онҳо садҳо майзадагон, нашъамандон, касалиҳои асабу рӯҳӣ табобат мегиранд, бо ташаббуси бевоситаи профессор Минҳоҷ Ғуломов кушода шудаанд.

Аз Муроҷиатномаи Сардори давлат ба иштирокчиёни ҷаласаи консультативии байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе.

  • Беҳуда ҷои баргузории чунин як форуми бонуфузи ҷаҳонӣ пойтахти Ватани мо шаҳри Душанбе интихоб намудааст. Мактаби психиаторони Тоҷикистон, ки бештар аз се даҳсола роҳбари он олими барҷаста, ки дар пешрафту амалӣ гардидани он саҳми сазовор дорад, Минҳоҷ Ғуломов мебошад.
пешина
аз 173
навбатӣ