Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ва ғаму дарди халқ шарик аст, дар ҳамаҷо чун шахсияти бузург соҳиби иззату эҳтиром мегардад. Профессор Минҳоҷ Ғуломов бо корҳои табобатию профилактикие, ки аз тарафи мутахассисон, диспансерҳо гузаронида мешаванд, қаноат накарда, тез-тез ба корхонаҳо ва заводу фабрикаҳо рафта, барои пешгирӣ кардани касалиҳои нашъамандӣ ва рӯҳӣ бо заҳматкашон вохӯриҳо мегузаронад, ба саволу дархостҳои онҳо посух ва маслиҳатҳои судманд медиҳад!
- Аслан касалхонаи рӯҳӣ бояд аз шаҳр берун, - дар мавзеъҳои ором ва хушобу ҳаво ҷойгир бошанд, - мегӯяд профессор Ғуломов.
Бидуни хизматҳои табибиаш профессор М. Ғуломов муаллифи 325 мақолаи илмӣ, 4 китоб, 25 дастури методӣ ва шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад, ки қисме аз онҳо дар хориҷа ба табъ расидаанд.
Китоби профессор М. Ғуломов бахшида ба аломатҳои бемориҳои рӯҳӣ, психиатрия дар ҷаҳон нахустин адабиёт дар ин соҳа мебошад.
Хушбахтона онро ҳамкасби мо олими барҷастаи тоҷик навиштааст. Суръати афзоиш ва ёрию пешгирии касалиҳои рӯҳию психиатрия, сохти оригиналии тартиби табобати он дар Тоҷикистон чунон нағз ба роҳ монда шудааст, ки мислаш на дар Аврупою Амрико асту на дар Осиёву Африқо...
А. В. Снежевский, академик, директори Институти психиатрияи Академияи фанҳои тиббии Федератсияи Россия.
Хизматҳои ин олими забардаст бо унвонҳои фахрии «Духтури Шоистаи Тоҷикистон», «Ходими Шоистаи илми Тоҷикистон», Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника қадр карда шудаанд.
Ӯ ҳамчунин дорандаи орденҳои Ленин, Револютсияи Октябр, ду ордени «Нишони фахрӣ», медаллаҳои «Барои меҳнати шоён», «Бахшида ба шарафи 100 солагии зодрӯзи Ленин», Ифтихорномаҳо, нишони Аълочии вазорати химияи Ҷумҳурии Булғория мебошад.
Олимони Маскав ҳанӯз соли 1988 ба як овоз Минҳоҷ Ғуломовро ба узвияти вобастаи академияи улуми тиббии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кардаанд.
Хизматҳои устод Ғуломов дар тарбияи кадрҳои илмӣ шоистаи таҳсин аст. Таҳти роҳбарии ӯ бештар аз 30 нафар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё