Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

кадрҳои миллаташон гуногун рисолаҳои номзадию доктории худро дифоъ кардаанд. Сардухтури диспансери касалиҳои рӯҳии ҷумҳурӣ, номзади илми тиб, Духтури Шоистаи Тоҷикистон Суръат Эргашевич Умаров яке аз онҳост.

Синхрони Суръат Умаров:

Профессор Минҳоҷ Ғуломов падари 5 фарзанд мебошад, ҳар кадоми онҳо саъю кӯшиш мекунад, ки хислатҳои наҷиби падару модарашонро дар худ таҷассум намоянд. Нигинаю Назира ва Насиба касби падарро пеша кардаанд. Духтари калониаш Нигина Минҳоҷовна касби падарро идома дода, олимаи намоёни соҳаи тиб, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи равонпизишкӣ, наркология ва психологияи Донишгоҳи тиббӣ, муаллифи китоби дарсии «Равонпизишкӣ» ва 80 мақолаи илмӣ, барандаи ҷоизаи байнамилалии ба номи Д. Менна мебошад. Вай чандин сол муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кард. Насиба дар курси сеюм таҳсил дорад. Наргис касби модар Маҳбуба Ғуломова - рӯзноманигориро интихоб кардааст. Вай баъди хатми шӯъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносов шаҳри Маскав ҳоло дар матбуоти ҷумҳурӣ адои вазифа дорад. Шодибек писари ягонаи падару модар мебошад. Ӯ дар синфи 9-и мактаби миёна таҳсил мекунад, дар оянда вай кадом касбро пеша мекарда бошад, бигузор худаш интихоб кунад.

Профессор Минҳоҷ Ғуломов яке аз донишмандони забардасти соҳаи тиб ба шумор меравад. Номи устод натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар миқёси ҷаҳон маълуму машҳур аст. Профессор Минҳоҷ Ғуломов ифтихори миллати тоҷик аст!

Баранда: Ҳар рӯз дасти ин марди наҷиб, табиби рӯҳшиносро чандин мизоҷон бо табассуму рӯҳи болида фишурда, бо ӯ арзи сипосу миннатдорӣ мекунанд.

Соли 1995

БАҲОРИ ДУШАНБЕ
(Сенарияи филми мустанад.)

Баранда: - Шаҳри Душанбе дар иҳотаи кӯҳҳои абролуду осмонбӯс сукунат дорад. Ин кӯҳҳои сар ба фалаккашида қариб тамоми фаслҳои сол барфпӯшанд. Бо қадами нахустини баҳор чашмаҳои мусаффо аз синаи ин кӯҳҳои азимҷусса фаввора зада бо ҷӯйборҳо якҷоя шуда ба дарёи пуртуғёни Душанбе ҳамроҳ

пешина
аз 173
навбатӣ