Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

мешаванд. Аҷаб зебост, фасли баҳор! Ҳар баҳори даргузар ба ҳусну латофати шаҳри Душанбе ҳусну зебоии нав зам мекунад.
Чӣ хушо, ки гулшани мо, на хазону на хор дорад,
Чаманест, сабзу хуррам, ҳамадам баҳор дорад.
Зи насими форамаш дил ба даруни сина рақсон,
Ба канори шаҳру саҳро гулу лолазор дорад.

Дар ҳамаи давру замонҳо бозор нишонаи фаровонӣ ва серупурии давлату давлатдорӣ буд.

Дар шаҳри Душанбе бозорҳои хурду калон хеле бисёранд. Бозори Шоҳмансур — воқеъ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ яке аз калонтарин ва бобаракаттарин бозорҳои шаҳр мебошад. Ин бозор барои он бобаракат аст, ки бештари деҳқонон аз дуру наздик маҳсулоти дастранҷи хешро ба ҳамин ҷо пешкаши харидорон мекунанд. Аз ҳамин сабаб ин бозор ҳамеша сермеваю сабзавот ва серхаридор мебошад. Нарҳу наво ҳам дар ин ҷо нисбат ба дигар бозорҳо чандон баланд нест. Дар ҳар як бозори шаҳри Душанбе гӯшаи гулфурӯшон алоҳида аст. Мардуми мо табиатан гулпарастанд. Дар фасли баҳор, ҷавонӣ, ишқу муҳаббати покро бегул тасаввур кардан амри маҳол аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки дар баҳорон ба ошиқон нон надеҳу гул бидеҳ!

Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармудааст:
Эй гул, туро агарчӣ рухсор нозук аст,
Рух бар рухаш мадор, ки он ёр нозук аст.

Ду-се сол қабл шаҳри Душанберо шаҳри ҷавонӣ, дӯстию бародарӣ меномиданд, вале таассуф, ки бар асари кашмакашиҳои сиёсию ҷангҳои бемаънӣ шаҳри нозанини мо захмдор шуд, ба касодии иқтисодию сиёсӣ дучор гардид, ҳусну латофаташ каме коста гардид. Вале дӯстону бародарони хайрхоҳаш ба шаҳри Душанбе дасти ёрӣ дароз карданд. Дар натиҷа вазъи сиёсию иқтисодии он ҳоло рӯ ба беҳбудию шукуфоӣ овардааст.

Шаҳри Душанбе маркази саноатию фарҳангӣ - пойтахти Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳри зебоманзар чандин мамолики бузурги дунё сафоратхонаҳои худро ифтитоҳ карда бо Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаи иқтисодию сиёсӣ ва фарҳангии худро ба роҳ мондаанд. Чандин шаҳрҳои бузурги дунё бо Душанбе аҳдномаи бародаршаҳрӣ бастаанд. Бо ёрию мадади ҳамин дӯстони беғарази худ он рӯз

пешина
аз 173
навбатӣ