Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ТАРҶУМАҲО

СЕРГЕЙ МИХАЛКОВ

САРГУЗАШТИ ЯК СӮМ
/ҚИССА/

МАН БА ДУНЁ ОМАДАМ

Ман яксӯмаам. Яксӯмаи нави коғазини Советӣ. Ба воситаи дастгоҳи корие, ки воқеъ дар бинои азамати хиштист ва посбонҳо истодаанду ба он даромадани одамони ғайрро рухсат намедиҳанд, ман тавлид шудам.

Ҳанӯз ба муомилот напаромада, худро дар байни бародароне дидам, ки онҳо ба ман мисли ду қатраи об монандӣ доштанд. Ҳамаи мо ба як даста афтида мондем, ки онро бо лентаи коғазин зич ва мустаҳкам баста, дар рӯи он «Сад сӯм» навиштанд.

Пеш аз ин моро бодиққат шумурда, хушсифат болои ҳам гузоштанд ва мустаҳкам бастанд, то ки ба ҳар тараф гурехта наравем.

Ҳамаи мо бо рақамҳои шахсии худ рӯи ҳам зич мехобидем ва ҳар кадомамон мехостем, ки тезтар ба муомилот бароему қиссаи зиндагии худро оғоз намоем.

Аз гуфтаи баъзеҳое, ки дар атрофи мо буданд, чунин фаҳмидам, ки гӯё маро аввал ба ким-кадом як Бонк мефиристанд, баъд аз он ҷо ба кадом як касса меафтам, сониян дар ҳамон кассаи пурасрор тақдири ман ҳал мешавад...

Мо бо сабру тоқат интизор шудем. Ҳар яки моро роҳ ва қисмати ба худ хоссе интизор буд...

ҲАЁТИ МУСТАҚИЛОНАИ МАН САР ШУД

Баста барои мо чунон тангу тор буд, ки азоби бисёр мекашидем ва ҳатто ба ҷону ҳоли якдигар расида будем.

Маро аз даруни ким-кадом як халта бароварда, ба як қуттии калони оҳанин партофтанд. «Шояд кассааш ҳамин бошад» — фикр кардам худ ба худ.

Хостам, аз шариконам пурсам, ки ин ҷо куҷост? Лекин дар ҳамин лаҳза лентаи баста лаппагӣ канда шуд ва панҷаҳои нозуки занонае аз гӯши ман дошта, ба берун кашида баровард.

пешина
аз 173
навбатӣ