Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Бинед, ба бахти шумо чӣ хел яксӯмаи нав! - гуфт ӯ ва маро ба касе дароз кард.
Ман садои «Ташаккур»-ро аз ӯ шунидам.
Чизеро сарфаҳм нарафтам ва намедонистам, ки бо ман чӣ воқеа рӯӣ медиҳад, бинам, аллакай дар рӯи таксимичаи тозае хобидаам.
Пас аз лаҳзае маро ба иморати чуқури торик, аммо хеле мулоиме гузоштанд... Лекин намедонистам, ки ин бино киса ном дорад ва минбаъд тамоми умр аз киса ба киса мегардам.
Ҳамин тавр, ҳатто натавонистам, ки бо ёру дӯстони худ хайру хуш гӯям, ҳаёти мустақилонаи ман сар шуд...
ВОХӮРӢ БО ҲАМДИЁРАМ
Ба кисаи як дуредгар афтода мондам. Вай дар фабрикаи мебелсозӣ кор мекардааст. Устои хуби каравотсоз будааст.
Ростӣ гап, шоду мамнун будам, зеро ман бар ивази меҳнати ҳалоли коргар мукофоти ӯ шудам ва ҳаёти мустақилонаи ман ҳам аз ҳамин ҷо оғоз ёфт.
-
Ман як сӯми ҳаққу ҳалоли меҳнатиям! - мегуфтам бо ифтихор.
-
Аҷабо, ояндаи ман чӣ мешуда бошад?
Тақдири минбаъдаам ба дасти кӣ бошад? Маро чӣ тавр ва барои чӣ сарф мекарда бошанд?...
Хаёли маро чунон фикрҳои мухталиф банд карда буданд, ки ҳатто тангаи дар паҳлӯям хобидаро надида мондаам. Вай бадани оҳаникии хунукашро ба ман наздик овард ва узрхоҳона:
-
Шинос шавем-чӣ, - гӯён таклиф кард.
-
Чунон торик, ки... дидори шуморо дуруст намебинам! Ман панҷтинаям, - изҳор кард ӯ.
-
Биё, шинос шавем, - гуфтам ба ӯ. Ман - як сӯма!
-
Ман, панҷтинаам, - такрор кард ӯ.
-
Агар шумо як сӯм бошед, пас ҳардуямон як нишонаи умумӣ дорем.
-
Чӣ нишона? - кунҷкобона пурсидам ман.
-
Нишони давлатӣ, - ҷавоб дод Панҷтина.
-
Шояд ҳамин тавр бошад, - гуфтам ман, - лекин то ҳол ман ба пули сиккадор сарукордор нашудаам.
-
Аз ман наранҷеду бовар кунед, - суханашро идома дод панҷтина. Албатта ҳеҷ гоҳ ман бо шумо баробар шуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё