Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Яксӯмро чӣ кор мекунӣ, - пурсид рафиқаш
-Вақти туббозӣ нохост тирезаи як хонаро зада шикастем. Акнун шишаи нав харида мондан лозим.
Як сӯм қарз деҳ, ёрдам кун!
-Агар мебуд, ба ҷону дил медодам, афсӯс, ки яксӯм надорам, - гӯён Павлик ба ҷӯрааш ҷавоби дурӯғ дод.
Аз дурӯғи ӯ қариб буд, ки дили ман бухс кунад. Павлик зукоми сахт дошт, вақто ки ӯ даст ба кисааш дароз карда хост, ки дастрӯймолашро кашида гирад, ман қасдан ба рӯймолчаи ӯ часпида, ба пеши пойҳои писарбачаи аз вай қарзпурсида афтида мондам.
Вай хам шуда маро аз замин бардошт ва Павлик аз шарм лола барин суп-сурх шуд...
Ба ҳамин тариқ ман ба дасти як оинасоз афтодам ва ӯ маро дода барои кӯдакаш як тахтача шоколад харид...

ВОҚЕАИ ШУМ Ман кӯшиш мекунам, ки воқеаҳои рӯзи гузаштаро ҳамеша дар хотир нигоҳ дорам.
Чӣ гуна воқеа буд?...
Пагоҳӣ маро дар магазини ширфурӯшӣ монданд. Баъд ба дасти як духтар афтидам, вай ба почта рафт, ки ба бародараш телеграмма диҳад ва ӯро ба муносибати рӯзи таваллудаш табрик кунад.
Ба духтар сию панҷ тин бақия доданду ман дар почта мондам...
Баъд чӣ шуд?... Як мӯсафеди нафақахӯр ба почта омада, конверту марка харид ва ман ба дасти ӯ афтидам..
Сонӣ чӣ шуд?... Дигарашро дар хотир надорам...
Фақат ҳаминаш дар ёдам ҳаст, ки ногоҳ худамро дар як тақсимичаи тар, дар байни тангаю пулҳои коғазин дидам. Ба афти бисёре аз онҳо назар карда, раҳмам омад. Аз байнашон яксӯмаи гичимшудае ҳар замон гӯшаи даридаи худро ба ман чафс кардан мегирифт, намедонам барои чӣ бошад, ки аз ӯ бӯи моҳии дудхӯрда меомад. Акнун фаҳмидам, ки ин дӯкони пивофурӯшӣ будааст. Маро нӯши ҷон кардаанд...
Ман қатъӣ қарор додам, ки дигар ба касе ошноӣ накунам.
Боз дили худро тасалло медодам: на ҳар касе, ки пиво менӯшад, майпарасту майзада аст.

пешина
аз 173
навбатӣ