Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Дар ҳамин фикру хаёл будам, ки маро панҷаи шахшӯле аз тақсимча бардошта ба кисаи худ андохт. Кисааш холӣ буд ва як сӯрохи калоне дошт. Аз ҳамон сӯрох пойҳову ботинкаҳои чандрӯз боз тоза накардаи ӯро дида меистодам. Ҳар лаҳза метарсидам, ки аз ҳамин сӯрох афтида намонам, бинобар ин ба кунчаки киса худамро зич карда, аз дарзу куки он маҳкам дошта истодам.
Аз шиддати тарсу ҳаяҷон қувваю дармонам кам шуд ва тамоми баданамро ларза фаро гирифт...
Охир ба таги пой афтода, зери борон, рӯи замини тару нам, байни обу лой мондам ва аз болоям чархҳои лойолуди велосипедҳо мегузаштанд.
Бадбахтии ғайричашмдошт ба сарам омад. Маро гум карданд!.. Рӯзҳои гузаштаро ба ёд овардам ва тамоми ҳаёти пешинаам дар пеши назар ҷилвагар шуд.
Ман ҳеҷ гоҳ аз одамон ҷудо намешудам ва дар дасти онҳо низ вақти зиёде намеистодам, доимо воситаи доду гирифти байни онҳо будам...
Боре чӣ шуду ғофилан ба пулдони як духтарчаи майдакак афтидам, лекин он ҷо аз як ҳафта зиёд намондам.
Рӯзе духтарча ҳамаи пулҳои дар қуттӣ ғункардаашро ба болои тахтаи дӯконе рехта, аз он ҷо лӯхтаки хушрӯе харид. Ҳар боре, ки ӯ лӯхтакашро каме қат кунад, вай чашму мижаҳои сип-сиёҳашро пӯшида «Оча»-гӯён фарёд мекард.
Эҳе, чизе нест, ки маро ба он сарф накарда бошанд.
Маро дода нону дору, яхмосу картошка ва ё дафтару қалами талабагӣ, ё ин ки билети лоторея, китобҳои бачагона, тугмаю ширеш барои резин, ё ин ки себ, банди ботинка, пастаи тозакуниву хокаи либосшӯй, нишонҳои идона ва ё ин ки чангаки моҳидорӣ, ё лентаҳои ранга, тақвим ва боз сад хел майда-чуйдаҳои дигар харидаанд.
Бо вуҷуди ин, бе ман на гардкашак харида метавонанду на фотоаппарат, на соату на мошини чопкунӣ ва на велосипеду на дигар чизҳои лозима...
Росташро гӯям, вақте ки маро ба ягон чизи арзишаш аз қурби ман паст сарф кунанд, хеле хурсанд мешудам ва худамро ҳуҷайни боқадру қимат мепиндоштам. Аммо баръакс, вақте ки бо дигар пулҳо якҷоя карда, дар харидани чизе сарф кунанд, хаёл мекардам, ки ман қадру қиммате надорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё