Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ман қаҳрамон набудам, лекин ҳамон лаҳзаҳое, ки барои нафъу хурсандии мардум хизмат расонам, худамро хеле хушбахт мешуморидам.

Махсусан, он рӯзҳоеро, ки маро чун маблағи фонди ёрӣ ба шахсони аз заминҷунбӣ зарардида сарф карданд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам.

Дар ин муддат албатта намуди зоҳирии ман чун пештара шараққосӣ набуд, балки каме тағйир ёфта буд, аммо арзиши аслӣ ва қурби худро чун яксӯмаи собиқадор гум накарда будам.

Ана, боз маро гум карданд!

Марде як кружка пиво гирифта нӯшиду маро дар кисаи сӯроҳаш гузошт ва ман аз сӯрохии он афтида мондам. Кошки дар ягон роҳи одамгузар меафтидаму касе маро дида, аз замин мебардошт. Мутаассифона берун аз шаҳр, дар як роҳи сангфарше афтида будам, ки аз боло ва паҳлӯҳои ман фақат мошинаҳо фар-фар мегузаштанд ва ба мани дар зери борон таршуда касе аҳамият намедод...

  • «Наход ман бе ному нишон гум шавам?» - мегуфтам худ ба худ маъюсона...

МАН НАҶОТ ЁФТАМ!

Каме ба худ омада, дидам, ки касе маро аз замин бардошта, бо овози бачагона ба ҳамроҳаш гуфт: канӣ бигӯ, ман чӣ ёфтам?

Дар кафи дасти гарми он бача ман роҳат доштам.

Ҳарду бо як хурсандии беҳамто маро аз назар гузарониданд.

  • Аҷабо, Яксӯмаи кӣ бошад? - гуфт духтараки ҳамроҳи ӯ буда.

  • Қариб буд, ки аз паҳлӯяш гузашта надида монам, - гуфт ба ӯ писарбача.

Духтарак ба ӯ нигоҳ карда гуфт:

  • Чӣ хел Яксӯмаи тару чиркин! Боз ҳама ҷояш даридагӣ. Парто! Ба кор намеравад! Ӯро ҳеҷ кас қабул намекунад.

Аз даҳшат баданам ях кард ва хостам сӯи бачаҳо хитоб кунам: - Маро қабул мекунанд! Гиред маро! Напартоед! Қабулам мекунанд! Чунки рақами шахсии ман бутун аст! Бовар накунед, бинед! Рақами ман: панҷ миллиону як саду ҳафтоду як ҳазору нӯҳсаду чил аст. Ду ҳарфи аввал ин силсилаи ман ҳисоб

пешина
аз 173
навбатӣ