Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Лекин медонам, ки доим дар сари дасти мардумам ва бе ман ҳеҷ кас ягон чизи қиматро харидаву гирифта наметавонад.

Боре як ҷавон ба магазин даромада, пулҳояшро ба кассир дароз кард. Кассир пулҳои ӯро шумурда: - як сӯматон немерасад, - гуфт ба ҷавон.

Вай арабӣ шуда, қисаҳояшро бо қаҳр кофтуков кард ва маро аз байни варақҳои дафтарчаи хатнависиаш ёфта, ба кассир дароз карду димогаш чок шуд.

Кассир ба ӯ чек зада дод ва ҷавон бо хурсанӣ аз магазин велосипед хариду савор шуда рафт...

Агар ӯ маро намеёфт, кораш чӣ мешуд?

Ман ҳамеша дар муомилоти мардум ва ҳаёти пурҷӯшу хурӯши онҳо иштирок доштам...

Маро доимо барои ҳисобу китоби роҳпулӣ ва сарфу хароҷоти газу бензин, барои сартарошию либосшӯй, ё ки барои таъмири айнаку чизҳои рӯзгор ва харидани гулчамбарҳои мотамӣ, ё барои харҷ кардан дар тӯйҳо ҳамроҳи худ мегирифтанд, ба воситаи почтаву телеграф ба дигар ҷойҳо мефиристоданд, дар дӯконҳо майда мекарданд, ба кассаҳои амонатӣ мегузоштанд, қарз медоданду қарз мегирифтанд. Алкисса, дар ин саргузашти кӯтоҳам, куҷоҳоеро, ки ман надидам...

Ман ҳам дар ҳавопаймо савор шудаму ҳам дар баҳр шино кардам. Дар поезду мошина ҳам бисёр роҳҳоро сипардаам.

Маро гоҳҳо маошу гоҳҳо пули иловагӣ, гоҳ гонорару гоҳ ҷаримапулӣ, гоҳҳо андозу гоҳҳо бурдпулӣ, гоҳҳо ҳаққи аъзогӣ ва гоҳҳо мукофотпулӣ меномиданд...

Лекин панҷ панҷа баробар нест, - мегӯянд, рост будааст. Инро ман дар муомилаи одамон нисбат ба худам дидаам. Одамон ҳар хел мешаванд: баъзеҳо нисбат ба ман мулоҳизакорона нигоҳ карда, кӯшиш мекарданд, ки қат ва гичим накарда боэҳтиёт ба чизҳои лозимӣ сарф намоянд.

Дигарон баръакс, нисбат ба ман нописандона нигоҳ карда, «хайр як сӯмак-дия!»- гӯён ба ҳар чизе, ки рост омад, сарф мекарданд.

Гоҳҳо ман шармидаву хиҷолат мекашидам, чунки баъзеҳо маро пинҳонӣ ба кор мебурданд. Хушбахтона, ин ҳолат ба ман хеле кам рӯй медод.

пешина
аз 173
навбатӣ