Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Хуш аст, ки тақдири бахтро ба дасти худи бахтҷӯён ё ин ки ба таври дигар гӯем, калиди бахтро ба дасти ошиқон медиҳем, то онҳо дари ду дили софро ба рӯи якдигар боз кунанд ва ишқу муҳаббатро парасторӣ намоянд.
Биёед, дӯстон, ба ошиқон роҳи калон кушоем ва дар рӯи роҳашон гулдастаҳои тару тозаро бо меҳру муҳаббат гузорем, то онҳо гирифта ба ошёнаҳои баландтари бахташон раҳсипор шаванд.
Соли 1966
АЗ ЯК ДАСТ САДО НАМЕОЯД
Чнде пеш нимашабӣ ниҳоят занги телефони хонаам садо дод, гӯшакро бардошта, овози яке аз хешовандонамро шунидам:
- Ман аз ноҳияи Кӯйбишев. Бобои Сӯфӣ Партов аз олам даргузашт. Пагоҳ маросими дафнаш. Агар имкон ёбед, биёед...
Дилам сиёҳ шуд, ки бобои Сӯфӣ Партов аз олам гузаштааст. Марди хоксору меҳнатӣ, ба нону намак, фозил, покдил, деҳқони асил буд ва аз бунёди сохти колхозӣ то нафаси охиринаш бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кард, фарзандонашро низ хуб тарбия карда, ба воя расонд. Писари калониаш Ато дар колхоз, миёнааш Аброр дар соҳаи савдо, писари сеюм Абдуғаффор журналист шуда кор мекунанд. Онҳо қудрат доштанд, ки як гов не, се гов кушта, оши сари тахта, ҷртиши зиёде диҳанд. Ба қавли баъзе ҳангоматалабу воҳимачиҳо, ҳамаро қоил карда, падари худро ба хок супурда метавонистанд. Лекин онҳо бар хилофи «анъана» ва равиши замон қадам ниҳоданд...
Дар омади гап гӯем, ки дар Шӯрои қишлоқи «Арал» чандин сол аст, ки оши сари тахтаю молкушӣ аз байн рафтааст. Мардум анъанаи хуби қадимаро то ҳол пос медоранд: рӯзи дафн одамони аз роҳи дур ба таъзия омадаро ҳаққу ҳамсояҳо, ё ба хонаашон даъват менамоянд, ё ба хонаи азодор ҳаргуна таом пухта мефиристанд. Ин анъанаи хубест ва лоиқи дастгирии ҳамаҷониба аст.
- Бисёр расму оинҳои муфиду замонавиро ҷорӣ кардан мумкин, - мегӯяд раиси Шӯрои қишлоқи «Арал» Шарофат Мавлонова, - ба шарте, ки аҳли ҷамъият дастгирӣ кунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё