Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
ягон нишонае нагузошта будем, дар ёфтани он душворӣ кашида, ба ӯ «аз ҳамин чаҳор қабр якеаш азони бибият» гуфтам. Ӯ боз кунҷковона пурсид, «аниқтараш кадомаш?».
Рости гап, дар чашмонам ашк ҳалқа зада, мисли ҳайкал рост мондам ва чӣ ҷавоб доданамро надониста, ба писарам гуфтам: Писарам, росташро гӯям, манзили бибиатро гум кардаам! Писарам ба рӯям нигоҳ карда чизе нагуфт, вале аз нигоҳи ӯ маънӣ бурдам, ки мегӯяд, «ҳайфи шумо барин писар! Наход қабри модаратонро гум кунед?!». Баъд аз он бародарам - Исматро ба хок супоридам. Ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат буд. Нӯҳ фарзанд дорад. Онҳо дар колхоз нағз кор мекунанд. Барои он ки ҳолати ба модарам рӯйдода такрор нашавад, гирди оромгоҳашро чорхишта монда, бардоштем. Дар санги сари қабраш соли таваллуд ва вафоташро навиштем. Дар поёнаш ду мисраъ шеъри устод Садриддин Айнӣро сабт кардем:
«...Ҷигарам об шуду рехт зи ду чашми тарам,
Ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам, во ҷигарам».
Баъзе кӯрдилони деҳаамон санги қабрро дида, ғайбат карданд: - пулашон, ки бисёр аст, маст шудаанд ва дар куҷо сарф карданашонро намедонанд. Инсон, ки мурд ба болои қабри ӯ чӣ ҳоҷати сангу хишт гузоштан аст? Мон ки ором хобад...» Ана, гапу мана гап!
Акнун ҳар гоҳ ба зиёрати оромгоҳи бародарам равам, аҳволи қабристони деҳаамонро дида, беихтиёр аз дидагонам ашк ҷорӣ мешавад ва ба худ савол медиҳам:
Наход ин қабрҳо соҳиб надошта бошанд? Ҳайфи қадру қимати инсон! Дар зимистон то сари қабристон рафтан то зону дар лой меғутеду тобистон дар хок. Чӣ ҷои пинҳонист: аз дасти марг ҷои гурез нест, охирин манзили ҳамаамон ҳамин аст. Пас чаро нисбати оромгоҳи аҷдодони худ ин тавр беэътиноӣ кунем?!
Охир ҳамон маблағҳое, ки ҷамъ карда дар рӯзи ҷаноза ба халқ тақсим мекунанд, дар ҳамин роҳҳо ва ободии қабристонҳо сарф кунанд, магар савобе нест?
Ин мақола бистуяк сол қабл аз ин ба табъ расида буд. Дар ин миён Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хӯрд. Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд. Солҳои охир расму анъана ва ҷашну

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё