Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
маросимҳо ба танзим дароварда мешаванд. Сарфу хароҷотҳои беҳуда аз байн бардошта шуданд. Ҳамаи ин ба болоравии сатҳи беҳбудии аҳли ҷомеа мусоидат мекунад.
Таърих гувоҳи бисёр корнамоиҳои сарбозони ҷангу меҳнат аст. Ба шарофати ҷонбозию қурбонии онҳо мо аз ҷангали фашизм наҷот ёфтем, соҳиби бахту саодат ва дастархони пурнозу неъмат гаштем. Оё хотираи онҳо ба як лавҳаи мармарин намеарзад, ки рӯи гӯрашон гузорем?! Ман дар ноҳияи Куйбишев Нурулло Шукуров ном мардеро медонам, ки тамоми фаъолияти меҳриашро барои сохти колхозӣ, ободонӣ ва баландбардории маданияти деҳот, зисту зиндагии мардуми он бахшидааст. Қариб чил сол дар корҳои роҳбарӣ, аз ҷумла, қариб сӣ сол раиси колхози «Москва»-и ҳамин ноҳия буд. Ду даъват депутати Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, аъзои Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон интихоб гашта, ӯро чун роҳбари кордону ташкилотчии моҳир дар зироату пахтакорӣ ҳама устоди худ мешинохтанд. Натиҷаи ҳамин роҳбарии хуб ва кордонии ӯ буд, ки дар тӯли солҳои раисиаш колхози «Москва» аз як хоҷагии майда ба колхози серсоҳаи пуриқтидор табдил ёфт. Яке аз аввалинҳо шуда, барои ривоҷу равнақи мактабу маориф камар баст. Дар колхоз се мактаби даҳсола кушода, ба гирифтани унвони «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» ноил гашт. Меҳнати пурсамари ӯ бо орденҳои Ленин, Революцияи Октябр, ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони фахрӣ» ва панҷ медали «Барои меҳнати шоён» қадр карда шудааст.
Нурулло Шукуров дар ҳақиқат яке аз нахустин азхудкунандагони заминҳои водии Вахш ба ҳисоб меравад. Баъди фавташ яке аз хоҷагиҳои хурди чорвопарварии ноҳияро ба номи ӯ гузоштанд, вале ин совхоз аз беҳабсалагии роҳбаронаш зараровар шуд. Баъд онро барҳам доданд ва бо ҳамин номи Нурулло Шукуров ҳам аз байн рафт.
Кас чунин ҳолатҳоро дида, дар ҳайрат мемонад. Ҳоло ҳам дар замони нав, баъзе роҳбарон аз расмиятчигие, ки солҳои сол садди роҳи пешрафти ҷамъияти мо мешуд, даст намекашанд! Дар давраи Шӯравӣ чунин ақидае буд: Кадом роҳбаре, ки як ё ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мешуд, ягон хоҷагиро ба номи ӯ мегузоштанд. Онҳо интизор мешаванд, ки Нурулло Шукуров баринҳо кай Қаҳрамони Меҳнати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё