Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
табъаш чок мешавад... Чанд рӯз пеш як одам ҷои кор кофта ба наздаш даромадааст. Аббос Алиевич, ба ӯ гуфтааст: «ҷои холӣ дорем», лекин...
Вай одам ишораи Аббос Алиевичро фаҳмида: - Майлаш раис, меорам рафта панҷсад доллар гирифта, рӯзи дигар ба утоқи кории директор даромада конвертро ба рӯи миз гузоштааст. Аббос Алиевич, лифофаро тагу рӯ гардонида, дидааст, ки табъи дилаш нест, онро ба сӯи соҳибаш ҳаво дода, «гир, ин конвертатро ба як ҷоят зан, ҷои нест, аз кабинет баро!
Бо супориши боло интернати фарзандони ноқисулақл ба заводи мо вобаста шудагӣ. Ҳар сари чанд вақт заводи мо бояд онҳоро бо маводи хӯрока ва сарулибос таъмин намояд. Ин корро ба зимаи сармуҳандис, ки ҳамтабақи наздики директор аст, гузоштагӣ.
Ана, ҳарду аз ҳисоби камбағалақҳо қайчӣ зада киса пур мекунанд.
Э, тавба! Одами Худонотарс, аз ҳар кори паст ибо намекардааст. Ба фикрам, агар Аббос Алиевичу сармуҳандиси мо аз паҳлӯи тобут гузаранд, аз кафани мурда ҳам қайчӣ зада канда мегиранд. Худо аз он рӯз нигоҳ дорад! Гап байни худамон монад, нафсаш бисёр калон, наҳанги таппа тайёр! Вай мехоҳад, ки ба ҳама ҷойҳои холӣ аз хешу табораш ва ё ҳеҷ набошад аз ҳамдеҳагонаш - деҳаи Санги кар ба кор гирифта, пур кунад. Оҳ, чӣ хел маҳалпараст – ин? Барои Аббос Алиевич фарқ надорад, ки ҳамдеҳагонаш саводу дониш доранд, ё не, аз ӯҳдаи иҷрои кор мебароянд, ё не!
- Мон, ки ҳамаро валангор кунаду аз деҳаи худамон – аз Санги кар бошанд. Чанде қабл аз деҳаи Санги кар ду ҷавонро ба кор қабул кард, якашро иқтисодчӣ, дигараша дар раёсати кадрҳо сармутахассис. Ҳарду ҳам мисли кулӯх, дар бораи касбашон тасаввуроте надоранд. Баъд фаҳмам якаш духтури дандон будаасту дигараш духтури гинеколог.
Вақте ки сардорони раёсатҳояшон даромада, ба директор изҳори норозигӣ карданд, ки ин ду ҷавон саводи қазоӣ надоранд, кор карда наметавонанд, Аббос Алиевич, дар ғазаб шуда:
-Тарбият кунед, маошашонро баланд бардоред, корро ёд диҳед!!! Чӣ худи шумо яку якбора сардор таваллуд нашудабудед-ку?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё