Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Чаро ин кадрҳои ҷавон намешудаанд?! Кори намешудагӣ нест!

Аббос Алиевич, дӯгу дарангаш зиёд бошад ҳам, кам-кам хислати тарсончакӣ ҳам дорад. Қатиаш як воҳима карда гап занед, тез аз аспи ҷаҳл фаромада ба хушомаду насиҳат мегузарад...

Аббос Алиевич мебоист имрӯз тӯҳфаи мавлудии «Калон» - ро бурда, ӯро табрик намояд. Лекин Сангаков бетӯҳфаву гул омад. Омаду дар қабулгоҳ ба касе аҳамият надода зада вориди кабинети директор шуд, дар рӯ ба рӯи Аббос Алиевич нишаст.

  • Хуш, рафиқ Сангаков, гӯшам ба шумо! Гуфтагиҳои ман чӣ шуд?

Сангаков аз фабрика чор чӯҷаи нав аз тухм баромадаро дар зери багалаш оварда буд. Онҳоро бароварда ба рӯи мизи кории директор сар дод. Чӯҷаҳо чик-чиккунон дар рӯи мизи Аббос Алиевич қанотак мезаданд. Ана, ин чӯҷаҳоро калон кунед, мург ки шуданд, тухмҳошонро ба бозор бурда фурӯшеду дар рӯзи таваллуди калонатон тӯҳфаи қиматбаҳо ва сабади гул харида аз номи деҳаи Санги кар бурда ҳадя намоед, рафиқ Аббос Алиевич!!!

Сангаков калиди идораи кориашро ҳам ба пеши директор партофт ва аз кабинети ӯ бадар шуд.

  • Ҳой Сангаков, вазнин шав!!!

Лангарӣ Сангаков, инсӯ гард! О, ман ту барин қадри ӯҳдабароро аз куҷо меёбам?

  • Аз қишлоқат Санги кар меёбӣ! Санги кар - кони кадр шудагӣ - ку! - гашта гуфт Сангаков ва бо ҳамон шасташ дари директори генералиро таққӣ пӯшида баромада рафт. Ба фикрам ин дафъа кори Аббос Алиевич чигел мешавад?

Соли 2008

«БРАТАН»

Ҷавонмарди паҳлавончусае, ки, ба фикрам дусаду сесад не, якуним - ду шишаро холӣ карда буд, дар пой ба ҳилла меистод, калавида - калавида ба маршрутка наздик шуду таққӣ дар ҷояш истода: - ӯй, братан, кадом тараф меравӣ? – пурсид аз пулчинаки мошина.

  • Шумо кадом тараф меравед? – пурсид пулчинак аз ӯ.

  • Ма...н, ба тарафи оф..тоб..шин, фаҳмидӣ?

пешина
аз 173
навбатӣ