Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳеҷ гап не, писарҷонам, паси каллаатро худам мехорам, - гуфт модар.
-Шумо дар хона мехолед, дар боғча кӣ мехолад?
-Дар боғча мураббияатро мегӯӣ, мехорад.
-Не, вай ҷанг мекунад.

  • Майлаш писарам, нагӯй, хона ки омадӣ худам паси каллаатро мехорам.

Рӯзи душанбе Эраҷро модараш ба боғча бурд. Баъди хӯроки нимирӯзӣ ҳамаи хурдтаракон хоб карданд. Эраҷ дид, ки мураббияаш ба хонаи дигар гузашт, оҳиста аз ҷой хесту роҳи хонаашонро пеш гирифт. Модараш Эраҷро дида бо тахайюр аз ӯ пурсид:
-Писарам, аз боғча ҳамроҳи кӣ омадӣ?!
-Худам танҳо.
-Бачаҷонам, чаро худсарӣ мекунӣ, беиҷозат омадӣ?!
-Охир, худатон гуфтед - ку агар паси каллаат хорид, биё худам мехолам, омадам!

ТАБРИКИ НАБЕРАҲО
Ба муносибати ҷашни 70-солагии Искандар Мирзоев
Шеъри Наримон Бақозода

Мавҷуда
Бобои ман Искандар
Ҳар гаҳ дарояд аз дар

Мубориз
Ҳама дигар мешавем
Меҳрубонтар мешавем!

Мавҷуда
Медонӣ бобоям кист?
Бобои ман - журналист.

Мубориз
Дар ТВ, дар радио
Медонад ӯро дунё

Мавҷуда
Бобои мо пуркор аст,
Шабҳо ҳам ӯ бедор аст.

пешина
аз 173
навбатӣ