Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Мубориз

Мавчуда

Мубориз

Мавчуда

Мубориз

Шабҳо нахуфта бояд,
Нависад ӯ ҳикоят.

Бобо чаро худашро
Ҳафтодсола гӯяд?

Аз баҳри ҷашнгӯрӣ
Бояд баҳона ҷӯяд!

Бобоҷони азизам
Ҳафтодатон муборак

Ин ҷашн бар тамоми
Авлодатон муборак!

«ДАФЪ ШАВ, МЕТАРСАМ!»

Як вақтҳо пои ростамро ҷарроҳӣ карда буданд, дар хона, дар ошёнаи дуюм мехобидам. Рӯзи дароз як худам дар хона аз танҳогӣ дилгир шудам, аз тиреза ба поён нигаристаам.
Дар рӯи ҳавлӣ ҳамсояҳо рафтуомад доштанд. Писаракони ҳамсояҳо якеаш Фирдавс ва дигаре Манучеҳрро ба хона даъват кардам. Ҳардуи онҳо 3 - 4 сола буданд. Ҳамон рӯз бозию шӯхии мо авҷ гирифт. Фирдавс ба болоям савор мешуд, гоҳ аз гӯшам мекашид, гоҳ аз мӯи сарам. Ҳарчанд ба онҳо мегуфтам, ки бас монда шудаам. Аммо ба онҳо худо дода буд, ба хоҳиши ман аҳамият надода, бозиашонро давом медоданд.

Чӣ бояд кард?!

  • Дастҳоямро фишурдам, «Ҳозир ман шумоёнро мехӯрам»
    гӯён чашмонамро олус ва рӯямро аҷинанамо кардам.
    Ҳардуяшон аз ман ду - се қадам дур шуда, ба рӯям менигаристанд ва ёрои наздикшавӣ надоштанд.

Манучеҳр ногоҳ бо як ҳароси кӯдакона ба ман сиёсат карда:

  • Э - э, дафъ шав, ин хел бозӣ накун, ман метарсам. Бозӣ мекунӣ соз бозӣ кун! Набошад «Дигар ҷӯратат намешавам!»
пешина
аз 173
навбатӣ