Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

-Шинед, ҳамон тараф меравем.
-Моло...дес, братан, гуфту аз ду тарафи паҳлӯдараи мошина қапида зӯр зада баромад ва дар курсии якуми назди даромадгоҳ ҷой гирифт. Гардам аз махлуқот, Худо! Мӯи сараш то сари китфҳояш хамидагӣ, чашмонаш беҷо, дар гӯши чапаш як гӯшвори майдаҳаки кӯдакона овезон; барои он ки соли ба дунё рӯиданаш аз ёди худаш наравад, дар рӯи нарангушти дасти росташ соли 1969 ҳаккокӣ ёфта.

Дар банди дасти чапаш расми як хонуми зебоеро кашида, дар зери он ду калима навиштагӣ: «Вечная любовь». Дар дохили «Газел» ҳафт-ҳашт нафар марду зан нишаста буданд. Вай ҳар як кадоми онҳоро бодиққат аз назар мегузаронид. Дар рӯ ба рӯи ӯ як зани миёнасол ва бо келину духтаронаш, ки дутои онҳо дар бағалашон кӯдаки ширмак доштанд, менишастанд.

Ҳамаи онҳо хушчеҳраю хушрӯй буданд. Яке аз мусофирон роҳқирои худро тавассути ӯ ба пулчинак дароз карда вайро «братан» гуфтанд. Мо ҳам номи ӯро «братан» ниҳодем. Братан аз бонувони қашанг чашм намеканд. Нохост ӯ нафаси чуқуре кашиду ҳавои дарунашро берун сар дод. Бӯи даҳони «Братан» тамоми дохили маршруткаро фаро гирифт. Ҳамаи аҳли нишаст бо рӯймолҳои худ даҳону биниашонро мисле, ки ба сар противогаз мепӯшанд, маҳкам бастанд, то ки бо бӯи даҳони Братан ҳамнафас нашаванд. - Не, нашуд. Баъди ду истгоҳ дили яке аз келинчакҳо беҷо шуд. Келинчак бо рӯймолча даҳону биниашро қапида фараомад.

-Ӯй, братан, радио надорӣ? Ку мон, фаҳмем дар дунё чӣ гапай? - гуфт ба ронанда. Ронанда ҳозир гӯён фитаро гирифта хост, ки барои ӯ ягон концерте монад.

-Не, братан, концертат лозим нест, барои ман концертдор намон, хабарҳои охиринро мон, гӯш кунед, канӣ дар Тибилисӣ чӣ гапай, дар Покистон боз чанд каса ба ҳабс гирифтанд? Беназир Бҳуторо боз чанд рӯз ҳабси хонагӣ карданд? Беназир хуб зани хушрӯай - а?

Девона ба кори худ ҳушёр, гуфтагӣ барин чӣ фикре ба сараш омад, ки афзуд.

  • Аслаш занону духтарони тоҷик барин зебо дар ҷаҳон кам аст, - ана, бин - ба ҷавонзане, ки дар рӯбарӯяш менишаст, ишора кард, - як абрӯяш аз даҳ Беназир болотар меистад. Ман бо Саакашвилӣ ҳамсолам. Боре дар хобам бо ӯ дар ресторани
пешина
аз 173
навбатӣ