Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар гузаргоҳ маршрутка каме таваққуф кард, аз пешонаи Братан ҳам хун ҷорӣ шуда аз нӯги биниаш ду чакра ба сари зонуаш чакид. Ӯ баъд фаҳмид, ки сари вай ҳам кафидааст.

  • Ака, боз аз занам, шаллок мехӯрам! «Ту маст шуда боз афтидай гуфта, лаънатӣ ба бари рӯям чунон шапотии сахт мезанад, ки аз чашмонам оташак мепарад.» Якбора дар хашм шуда: «Дар бачагиam додараш зада, мағзи самама лиқонда буд, бас набуд, ки боз акояш сарама зада кафонид. Исто, братан, ман фароям, онаи ӯро дар чашмаш нишон медиҳам...! Куҷо шуд?! Братан фаромада калавида - калавида акаи Каримро кофтанӣ рафт. Баъди фаромадани Братан ҳама тирезаҳои маршруткаро кушода рӯймолчаҳоро аз даҳону биниҳошон гирифтанд, акнун аҳли нишаст осуда нафаси тоза мегирифтанд...

Ноябри соли 2007

«ТАЁҚЧАИ ТАБАРРУКӢ...»
Ҳамсоям Латифи чармак «хонаҳо хунук» гӯён хостааст, ки балконашро тиреза карда пеши роҳи сардии ҳаворо бандад. «Чармак» лақаби ҳамсоямон мебошад, чунки вай дар маъракаҳо сардорӣ карда, доимо гирди дегу табақи равғанӣ мепечад. Ана, ба ҳамин сабаб ҳамсояҳо ӯро «Латифи чармак» лақаб додаанд. Хонаҳои ману Чармак дар ошёнаи дуюми биноҳои рӯ ба рӯи якдигар воқеанд. Мо бо ҳамдигар бисёр эътиқоди самими дорем. Рӯзи истироҳат буд, Латифи чармак омада аз ман илтимос кард, ки дар балконаш тиреза шинондани асту ёрӣ ман лозим аст. Ба чашм гуфтам. Ҳардуямон ба кор шурӯъ кардем. Тирезаи тарафи росташро часпонидем, хостам, ки поямро ба нардбон монда, ба тарафи чапи балкон гузарам, нохост аз поён нардбон лаҷжид ва ман кӯлулабанд ба таг, ба рӯи асфалт афтидам. Аз ҳар тараф ҳамсояҳо давида омаданд, ман беҳуш шудаам. Онҳо хаёл кардаанд, ки ман мурдаам. Яктоаш хам шуда, гӯшашро ба рӯи синаам монда, задани диламро гӯш мекард, ба рӯям оби хунук пошиданд, баъд аз он ба димогам спирти навшодир монданд. Ба ҳуш омадам «ҳамаро тарсонди», - гуфт Латифи чармак, ки ранг дар рӯяш намонда буд. Дидам, ки ҳамсояҳо маро иҳота кардаанд. Маро бардоштанд, хостам роҳ гардам, пои чапам

пешина
аз 173
навбатӣ