Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

рост намешуд, дарди ҷонгудоз мекард. Дидам, ки поям аз зону поён шикаста, як пораи устухонаш ба берун зада баромада буд. Тез мошин оварда, маро ба духтурхона бурданд. Ҷарроҳ диду фармуд, ки тез бурда рентген кунед. Аз рентген гузаштам, ҷарроҳ тез маро ба рӯи мизи ҷарроҳӣ хобонида, наркоз дода, беҳуш кард. Ҷарроҳӣ ба анҷом расид, баъди чанде маро ба ҳуш оварданд. - Ҳамаш ҷо ба ҷо шуд, акнун камаш чил рӯз дар рӯи кат ба тахтапушт мехобӣ, поямро бо гипси ғафс печонида, рост баста буданд. - Духтурҷон, бо ҷигас ҳам роҳ гаштан мумкин нест? - пурсидам аз ӯ.

  • Баъди бист - биступанҷ рӯз кам-кам, насиб бошад оҳиста-оҳиста гаштан мумкин, то ки хун гардиш кунад, лекин бори пои маъюбро вазнин кардан лозим нест.

Баъди чил рӯз гилсро кушоданд, аввал як-ду ҳафта бо ҷигас, баъд бо таёқча гаштан гирифтам. Таёқчаам аз раҳматии модари боҷаам - кампири навадсолаи Роҳила ёдгорӣ монда буд. Ӯро боҷаам ба ман табаррукӣ гуфта дод. Ман шухӣ карда ба ӯ гуфтам: - ин таёқчаи табаррукиатон модари шуморо кушт, акнун навбати ман будагист... Таёқчаи табаррукӣ саду як пайванду лентапеч дошт, ҳар касе, ки дар дастам онро медид, - «ин таёқи безебро аз куҷо ёфтӣ, онро парто, ягон дурусташро ёфта бигир» мегуфт. Як рӯз Латифи чармак як таёқчаи гулдори базеб оварда ба ман доду гуфт: - мана ин таёқчаи сабукро гирифта гард, ҳамин, ки поят сиҳат шуд, боз оварда медиҳӣ. Қариб як сол бо он гаштам, як рӯз набераам Эраҷи чорсола дар хона бисёр бесарӣ кард, ман ҳамон таёқчаро гирифта, ӯро тарсонданӣ шуда, гуфтам. «Агар боз як бори дигар қайсарӣ кунӣ, бо ҳамин таёқча туро сахт мезанам. Эраҷ тарсид, дигар гуноҳашро такрор накард лекин баъд фаҳмам, пайташро ёфта, таёқчаро аз ду ҷояш шикаста партофтааст. Чунон шикастааст, ки дигар пайванд кардани он амри маҳол аст.

Як пагоҳӣ вақти намози бомдод буд, занги телефони хонаам садо дод. Одатан дар чунин вақтҳои саҳарӣ мардон аз ноҳия занг зада, маро хабар медоданд, ки фалонӣ фавтида аст, ба ҷаноза хабар мекарданд. Дилам ҷиғӣ кард, «боз чӣ воқеа бошад...?

Гӯшаки телефонро бардорам овози Чармак: - ман Латиф» гуфт ӯ ва илова кард: - ҳамон таёқро меовардӣ?

пешина
аз 173
навбатӣ