Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
баръакси вай қадпаст, харобаи беҷинсак. Ману духтараш баъзан шӯхӣ карда ба ӯ мегуфтем: - Модарҷон, камтар хароб шавед, вазнатон ниҳоят бисёр, шуморо афгор мекунад... Медонед ӯ чӣ мегуфт?!
Э - э монед, ҳамин ту истам! Имрӯз ё пагоҳ мурам, боз ҳамон йигитҳое, ки тобутамро мебардоранд, нагӯянд, ки тобути холиро бурда истодаем, ҳис кунанд, ки дар тобут мурда ҷой гирифтааст. Ё гапам нодуруст - а, рафиқ духтур?!, - гуфту Соҳиб Сабурович чор тарафи шикамашро молида гирифт. Аҷоиб шикам дорад, Соҳиб Сабурович! Гӯё лоиҳаи шиками ӯро меҳморе кашида бошад, ҳини ба тахтапушт хоб рафтанаш шикамаш ба нӯги биниаш баробар мешавад. Ҳангоми нишастанаш тамоми пушташро шикамаш забт карда мегирад. Як пагоҳӣ ҳангоми муоина духтур ба ӯ гуфт:
Соҳиб Сабурович, шикаматон чунон доврашакл гардидааст, ки ҳатто сутунмӯҳраатонро ёфтан амри маҳол аст. Э, аз шикаматон гардам, Соҳиб Сабурович!!!
Духтур ҳарчанд кӯшиш мекард, ки Соҳиб Сабуровичро бифаҳмонад, ки вай каме хароб шавад, вале ӯ сар намефаровард...
Вай аслан дар палатаи дигар мехобид, дар рӯзи дуюм бо ман ҳамхона шуд. Вақте ки ба ҳуҷраи 22 - юм гузашт, ман ба шиками ӯ нигариста, аз вай пурсидам:- бародар, хуррак мекашед?!
-
Не, гуфт ва илова кард, чӣ шумо аз хуррак кашиданам қимоб ҳастед?!
-
Қимоб нестаму хобам намебарад.
Ҳамшираи шафқат, ки дар сӯҳбати мо ҳузур дошт, хандиду шӯхиомезона гуфт: Ман лентаи скоч дорам, ба шумо медиҳам, ҳамин ки хуррак кашиданд, даҳонашонро бо скоч маҳкам бандед...
Ман шунида будам, ки агар касе дар хобаш хуррак кашад, дар бехи гӯваш се маротиба чук-чук, чук кунед, аз хурраккашӣ таққӣ мемонад. Як маротиба ин ҳолатро ман дар як меҳмонии хонаамон санҷида будам, бас карда буд.
Вале ин усул ҳам ба Соҳиб Сабурович таъсир накард. Ӯ чунон хуррок мекашид, ки сокинони палатаи ҳамсоя девори ҳуҷраамонро мушту лагадкорӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё