Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Ҳар бегоҳӣ маро ғами беше фаро мегирифт, ки имшаб чӣ тавр хоб мерафта бошам. Ним соат пеш аз хоб аввал доруи фенозепам мехӯрдам, баъд ба ҳарду гӯшҳоям пахта метиқондам, як бало карда хобамро мегирифтам.
Баъди ҳамаи ташхисҳо табобати Соҳиб Сабурович сар шуд. Аввал ба ӯ чак-чак монданд, баъд сӯзандору гузарониданд, боз чанд намуд кулчадоруи дигар дода фишорашро аз 220/ 120 ба 180 /100, баъдтар ба 140/90 ва охир 125/ 80 фароварданд. Ӯ аз пастии фишор гирифтори дарди сар шуд. Чунки ба хаёлам меъёри кории фишори ӯ 140/80 будааст, лекин худаш намедонист, ки мӯътадилии фишораш чанд аст. Вай боре ба духтур шикоятомезона гуфт, — Шумо хӯрдани ғизои ҳамириро ба ман манъ кардед, барои ҳамин фишорам паст рафта, мубталои дарди сар шудам. Агар фишорамро барқарор накунед, ман аз болои шумо шикоят менависам, — шӯхиомезона гуфт духтур.
— Ана халос! Ҷавоби нағзӣ бадӣ мегӯянд. Ҳамин тавр, Соҳиб Сабурович?!
Соҳиб Сабурович дар ҷавоби ин гап банкаи дулитраи шири хомро, ки навакак писараш оварда буд, бардошт ва нимашро ба як дам нӯшид. Каме нафасашро хот карду мондагиашро ҳам то қатраи охирин фурӯ бурд. Баъд лабу даҳонашро бо дастонаш тоза карда: «Бай, бай, ҷонон шир. Раҳмат ба ҳамон гови душо, ки шир не, малҳами ҷон додааст... Худо умри говро дароз кунад, оллоҳу акбар», — гӯён даст ба рӯ кашид.
Асаби Соҳиб Сабурович камтар хароб ҳам аст. Ҳангоми асабонӣ шуданаш абрувони дароз-дарози ӯ мисли сихи чайра рост мешаванд...
— Вай якбора хашмгин шуда, нағзӣ, нағзӣ мегӯяд, чӣ нағзӣ кардаед, рафиқ духтур? Пеши роҳи хӯрданамро бастаед, ҳамин-мӣ нағзиатон?! Ҳар кас бояд вазифаи худашро ба ҷо биёрад!
Вазифаи мо ҳамчун бемор хӯрдан, вазифаи духтурҳо фишори мо беморонро фароварда мӯътадил кардан. Ё гапам нодуруст аст, ако?!!
Соли 2008

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё