Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

«БИЁ, БАЧА...!>>

Биё, бача, Қараболо, 82 - юм Испечак, Зарафшон, марҳамат «Газел» - и 25 холи! Биё, шамол барин меравад, қафо монӣ, пушаймон мешавӣ. Биё, холияй, рост медарой, рост меистӣ, рост мебарамат!

Э, хола, меравӣ, тез бош, тезтар.

Боло баро - е, пеш рав - е, оқиб тамоман холияй, як кас фаромад, бояд ду кас савор шавад!.

Ин «Газел» - и мо безразмер аст, 13 ҷоӣ дораду сӣ кас ҷой мегирад. Усул ба дасти накорачӣ, гуфтаанд. Дидам, ки нашуд, ҷои худама ҳам медиҳам.

Ҷон беҳ аст, ё қочӣ? Ба фикрам ҳозир аз ҷон дида қочӣ беҳтар шудагӣ, чунки замон замони бозоргонӣ аст.

  • Амакӣ, таёқатро як тараф гир, ҷои як одамро банд кардааст.

  • Ҳой, бародар, ман 70 дирам додам, даҳ дирами бақияаш кани? - гуфт яке аз мизоҷон.

  • Э, э, э, ту ҳам тоза одами хасис будай, ма, даҳ дирамата гир!

Бо ҳамин даҳ дирамат бой мешавӣ, ё ки хонаи сеошёна месозӣ! Барои хонаи боҳашамнат сохтан пули бедарди миён лозим, ака!.

Биё, бача, боз се ҷои дигар дорам. Рост медарой, рост меистӣ, рост мебарамат, мусиқии импортӣ гӯш мекунӣ, комфорт! Тамоми шароит ҳаст. Медонам ҳаво гарм аст, лекин чунон тез мебарам, ки нафасатон ногирифта ба Зарафшон мерасед.

Биё, бача, тез бош!

Амакӣ, миёнта рост гир, хам шудаӣ, ҷои ду касро банд кардаӣ! Таёқат як ҷои худат ду ҷойро банд кардаӣ. Ту бояд ба ҷои се кас ду сомону даҳ дирам диҳӣ, фаҳмидӣ?

  • Писарам, ҳамон радиота каме паст кун, мусиқиат гӯшхарош аст.

  • Чӣ...и ...и... амакӣ, чанда шудаӣ?

  • Нафаҳмидам?

  • Чандсолай, мегум?

  • Хело бачам.

  • Чанд дандон дорӣ?

  • Се дандон дар болою чорто дар поён.

пешина
аз 173
навбатӣ