Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
- Суми падарат бисёр будааст да, ин хел ки боша, то бегоҳира лақидан гир...!
Хола, духтарчаатро дар сари зонуат шинон, ҷойро банд накунад!
-
Охир ман барои ӯ ба ту 60 дирам роҳкиро додам.
-
Хола, занукта бигиру сарҳисоби духтарчата биёб, набошад ҳозир аз мошин мефарорам, фаҳмидӣ?
Кӣ нос дорад, як кайф кунем, калаама гич карданд? Кӣ нос дорад, мегум?
Э, мардум, наход, ки дар байнатон ягон носкаш набошад?!
Марҳамат, конечка - Зарафшон фароед!
Аҷаб боду ҳаво дорад Зарафшон!
Биё, бача, обратно, Испечак, 82, текстил, домпечат, налог... рост медарой, рост меистӣ, рост мебарамад...!
Биё, бача!!!
Соли 2007
ГЕНЕРАЛ ҚОШ ПАРОНД
Се сол қабл бо амри тасодуф дар тӯйи генерале иштирок доштам. Бо генерал чандон шиносо набудам, вале хешу табораш маро таклиф карданд ва ба хотири эшон ноилоҷ бирафтам.
Хаёлам тамоми гарнизон он ҷо ҷамъ омада буд. Аз як гӯша тарафи дигари толорро дидан амри муҳол буд. Генералҳо, полковник ва подполковникҳо иштирок доштанд. Афсарони хурд ва шахсони ғайринизомӣ ниҳоят кам буданд. Занҳоро ангуштшумор медидед. Ба рӯи миз назар афандам, гӯё ҳуш аз сарам парид, дахонам воз монд. Ин хелаш ҳам мешудааст! Ба хаёлам шири мурғ ҳам буд. Дар паси ҳар миз чор нафарӣ ҷой карда буданд, дар рӯи як миз бидуни ҳар гуна хӯришу газакҳо: ҳасибу панир, боз чор мурғи бирён ва чортогӣ қуттии шоколади «Ассорти» гузошта буданд. Аз нӯшокиҳо чизе, ки хоҳед, марҳамат...
Ба пеши ҳар як генерал як шишаи арақи селитра оварда монданд. Ин фақат барои эҳтироми генералҳо будааст. Тӯй аллакай оғоз ёфта буд. Миш-миш шуд, ки дар берун Хуррам бо муҳофизонаш омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё