Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

-Худо зад, Хуррам омада бошад, ҳатман ҷанг мешавад, чунки дар тӯйе, ки ӯ иштирок карда бошад, ҷангу занозанӣ ногузир аст, мегуфтанд. Дар толор ҳама генералу афсарон бо туфангчаҳо дар ҳолати омодабош интизори воридшавии Хуррам буданд. Худоро сад бор шукр, ки Хуррам нею генерал Маҳрам омада будааст. Баъди чанд лаҳзае генерал Маҳрам бо муҳофизонаш вориди толор шуд. Ҳама боз дар бехи гӯши якдигар миш-мишкунон чизе мегуфтанд. Ҳамаи генералҳо болонишин буданд, лекин Маҳрам ба боло нагузашта, дар байни толор ҳамроҳи афсарон нишаст.

Ба ӯ ҳам як арақи селитра оварданд. Аз дидани хуми шароб табъи генерал хира шуд ва фармуд, ки тез онро аз рӯи миз бардоранд.

Генерал шишаи нимлитраро кушода ба қадаҳ 50 грамм арак рехту ба арӯсу домод нӯшбод гуфт ва баъд аз ҷой хест. Қариб ними толор ба гусели ӯ бархостанд. Ӯро гуселонида, боз ба толор баргаштанд. Тӯй тасфид, садои баланди мусиқӣ толорро ба ҷунбиш овард. Овози ҳофизон базӯр шунида мешуд. Барандаи тӯй гоҳ шеър мехонду гоҳ васфи генерал Салмонро мекард. Ӯро чун лашкаркаши тавоно тавсиф менамуд. Ягона тӯй буд, ки раққоса надошт, мегӯянд, ки раққосаҳо тарсида наомадаанд, ки мабодо рақсамон ба генералҳо маъқул нашуда монад, вой бар ҳоламон...

Раққосҳо худи генералҳо буданд, полковникҳо аз рақсидан метарсиданд. Дар байни саҳна худи генерал Салмон аввал китфи росташро кам-кам ҷунбонид, баъд қоши росташро болою поён паронд. Баъд ду китфу ду кошаш ба бозӣ даромаданд, сонитар тамоми вуҷуди генерал ба ларза даромад ва дар саҳна мисли мор мепечид ва туфангчааш, ки дар паҳлӯи росташ овезон буд, ба бозӣ даромад. Ҳамин вақт генерал Шоҳпур як бастаи бистсомониро кушода ба сари Салмон пошид. Пулҳо ҳам дар ҳар гӯшаи толор рақскунон сайр менамуданд. Ҳама аз ҷой хеста, ба ҳунари генерал Салмон кафкӯбӣ мекарданд.

Ба саҳна сержант Салими ҷарс баромад. Вай яке аз хешовандони генерал Салмон ва фармондеҳи як гурӯҳ будааст. Мегӯянд, ки дар қисми ҳарбиашон мисли ӯ дигар хуни бинӣ нест. Качу рост рақс мекард, вале касе ба сари ӯ пул партоӣ накард.

пешина
аз 173
навбатӣ