Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Хуб таҳти рақами панҷ сарояндагон Обида Қодирова ва Марҷона Раҳимова дар байгонӣ мебошанд. Хуб кадомашро интихоб мекунед?
  • Обида Қодироваро.
  • Хеле хуб ба Шумо чунин савол медиҳам:
    Гӯшҳои буз дарозанд, ё гӯсфанд?
  • Ягон саволи дуруст диҳед!
  • Ин савола шумо дар мактаби миёна нахондаед, магар? Саволи дигар: Мурмуш тез медавад ва ё ҷорпуштак?
  • Ман дар мусобиқаи онҳо иштирок накардаам, лекин ба фикрам ҳардуяшон баробар медаванд.
  • Афсӯс, афсӯс, саволи осонро надонистед. Барои шумо Обида Қодирова нею Марҷона Раҳимова суруди «Чунбонда Биё»-ро месарояд.
    Таронаҳои дилошӯб рӯи мавҷи 104,07 FM.
    Хуб хотиррасон мекунам, ки барномаи мо мустақим аст, рақами телефонро такрор мекунам: 900-32-89, касе, ки ба саволҳои барномаи мо ҷавоб диҳад, тӯҳфаҳоро тавассути телефони 222-20-20 мегирад. Хуб, инак боз як шунаванраи дигар дар хати алоқа.
  • Алло, алло камтар сабр кунед.
    Реклама. Ангуштҳоятро ба кор дарор? Билайн дар тарафи тобон бош!
  • Алло, алло, гӯшам ба шумо.
    Хуб ному насаб, шуғлу касбатон?
  • Номам Мастибек, касбам донишҷӯ.
  • Хуб кадом рақамро интихоб мекунед?
  • Рақами 6-ро
  • Хуб таҳти ин рақам ҳофизон Саида Каримова ва Салим Раҳимов.
  • Хуб кадомашро интихоб мекунед?
  • Саида Каримоваро.
  • Савол чунин аст: - Гӯед, ки Саида Каримова нос мекашид, ё не?
    -...
  • Немедонед. Саволи дигар: хуб бигӯед, ки думи қурбоқа чанд сантиметр аст?
    -...
пешина
аз 173
навбатӣ