Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Афсус, афсус саволҳои осонро надонистед. Хуб боз дар ихтиёри барномаи мо ду дақиқа вақти дигар аст, тез-тез, ки «вақт рафт, нақд рафт» гуфтаанд.
  • Хуб номатонро нагӯед, чӣ кор мекунед, лозим нест.
  • Хуб кадом рақамро интихоб мекунед?
  • Рақами 4-ро.
  • Хуб таҳти рақами чор сарояндаҳо Парда Қодиров ва Гулчеҳра Салимова.
  • Хуб кадомашро интихоб мекунед?
  • Парда Қодиров.
  • Хуб савол чунин аст: - Хушдомани Рӯдакӣ кай таваллуд шудааст ва ӯ чӣ ном дошт?
  • ...
  • Намедонед? Саволи дигар:
  • Хуб, агар пои саг шиканад, куҷояшро мебанданд? Шунаванда дар ғазаб шуд:
  • Пои саг шиканад манаҳи туро мебанданд! Саволат ҳам аз сарат монаду тӯҳфаат ҳам... Садои телефон канда шуд: гуд-гуд-гуд-гуд...
    Суруди Парда Қодиров «...Э, духта чашмота во кун, ба сӯи мо нигоҳ кун. Лабам ба лабат, лабам ба лабат..., садо дод...
    Соли 2007

«ХЛОПУШКАДА БИЁ!»

Сабил монад ҳамин хлопушкааш, аз ҷаври пок-пок ва клап-клапи он на рӯз оромият на шаб. Ким-кадом як беимон барои киса пур кардан аз кадом гӯру лаҳад рафта бардошта ба ин ҷо меораду оромии ҳамаро халалдор месозад. Ҳар сол «маърака»-и хлопушкафафонӣ як ҳафта пеш аз Соли нав оғоз меёфт. Имсол бисёр барвақт сар шуд. Корчалонҳо чил рӯз барвақт мухлисонашонро ба хлопушка таъмин намуданд. Ку нозироне, ки дар гузаргоҳҳо мутасаддиянд, ку милисаҳои қитъавие, ки тартибу низом ва оромии мардумро бояд таъмин кунанд, ба куҷо менигаранд?!

Мегӯянд, ки як милисаи сахтгир, аз бачаҳои ваҳуди хлопушкадор пулҳои ҷарима ситонида соҳиби мошини «Мерседес» шудааст. Ҳар рӯз ӯ ду-се бачаи хлопушкабозро дошта, ба шӯъбааш бурда акт тартиб медиҳад, падару

пешина
аз 173
навбатӣ